Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А.

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 5 июли соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов А. «Оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 3 июни соли 2011 судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ахмедова Ф.М. дар маҷлиси судӣ парвандаро аз рўи аризаи даъвогии Негматова Л.М. бо ҷавобгарии Комиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамҷавобгарии Сардори нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахсияти ў- ширкати хусусии «Ҷамолов» дар бораи бартараф намудани монеагӣ, баргардонидани амвол аз истифодабарандаи ғайриқонунӣ, беэътибор донистани қарори Комиссияи қонунигардонии молу мулк аз 28 майи соли 2008 таҳти № 190, созишнома дар бораи бекор кардани шартнома аз 2 октябри соли 2003, инчунин аризаҳои зидди даъвогии ўро бо ҷавобгарии Негматова Л.М.дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво мавриди баррасӣ қарор дод.

Суд бо ҳалномааш аризаи даъвогии Негматова Л.М.-ро қонеъ карда, бинои сехи ҶСШК «ДОК»-ро аз Ҷамолов А. ба Негматова Л.М. баргардонида, аризаҳои даъвогии ўро бо ҷавобгарии Негматова Л.М. дар бораи беасос будани даъво, субъекти номуносиб будани даъвогар ва баргардонидани даъво рад намуд.

Марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо қарори худ ҳалномаи иқтисодии шаҳри Душанберо аз 3 июни соли 2011 бе тағйир ва шикояти апеллятсионии ўро бе қаноат мононд.

16 сентябри соли 2012 марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ўро оид ба ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 июни соли 2011 ва қарори апеллятсионии суди маскур аз 1 сентябри соли 2011 рад намуда, қарорҳои суди марҳилаи аввал ва апеллятсиониро бе тағйир мононд.

Ў қайд менамояд, ки дар ҷараёни баррасии парванда дар ҳама марҳилаҳои судӣ муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд», вайрон карда шудаанд.

Бинобар ин, Ҷамолов А. бо ариза оид ба бекор намудани санадҳои судии қабулнамудаи судҳои марҳилаҳои аввал, апеллятсионӣ ва кассатсионӣ ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, аммо аризаи ў аз тарафи Раёсати зикршуда беқаноат мононда шуд.

Бо ин назардошт, Ҷамолов А. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо талаби дар дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба моддаи 19 Конститутсия ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад.

Аз тарафи дигар, санадҳои судӣ ба санадҳои татбиқи ҳуқуқ дохил мешаванд, ки баррасии онҳо ба салоҳияти судҳои умумӣ ва иқтисодӣ мансуб мебошад. Ҳамчунин Суди конститутсионӣ на асоснокӣ, қонунӣ ва дурустии санадҳои қабулшуда, инчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи онҳо, балки муайян намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷамолов Абдумансур оид ба муайян намудани мутобиқати салоҳият ва санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 то 16 январи соли 2012 қабулшуда ба моддаи 18 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеъ ва предмети баррасии Суди конститутсионӣ набуданаш, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов