Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ.
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе «3» майи соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди консти- тутсионӣ Гулзорова М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Раҷабов Ҷурақўл бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў 11 майи соли 1993 бо фармони № 803 ҳ/ш Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо собиқаи хизматии беш аз 20 солу 8 моҳу 25 рўз, ки бо ҳисоби имтиёзӣ 26 солу 7 моҳу 19 рўзро ташкил медиҳад, бо ҳуқуқи гирифтани нафақа барои собиқаи хизмат бо хоҳиши худаш аз ВКД ҶТ аз кор рафтааст.
19 апрели соли 1993 ў ба кор ба мақомоти прокуратура гузашта, дар он ҷо то 8 декабри соли 1996 фаъолият намудааст. 10 ноябри соли 1996 бошад барои идомаи минбаъдаи хизмат аз мақомоти прокуратура ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, дар он ҷо то 25 декабри соли 2002 фаъолияти меҳнатиашро идома додааст.
Ҳамин тариқ, номбурда баъди аз ВКД ҶТ бо ҳуқуқи гирифтани нафақа барои собиқаи хизмат бо хоҳиши худ аз кор рафтанаш, боз 9 соли дигар дар ду мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор ва фаъолият намуда, барои ҳисоб кардани нафақааш ба ВКД ҶТ муроҷиат намудааст.
Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ парвандаи нафақавии ўро аз мақомати гумрук талаб карда гирифта, ба ў барои собиқаи хизматии беш аз 20 солу 8 моҳу 25 рўзааш дар ВКД ҶТ нафақа барои собиқаи хизмат таъин намуда, 9 соли фаъолияти минбаъдаи ўро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба инобат нагирифт.
Дар хусуси ба инобат гирифтани собиқаи хизматии 9 солаи худ дар мақомоти зикршуда, ў якчанд маротиба ба шўъбаи нафақаи Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ муроҷиат намуд. Сохтори зикршуда мактуби Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1997-ро ба инобат гирифта, бо дастрасии қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизмачиёни ҳарбӣ», ки тибқи он:
«Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, полиси андоз, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судя, мақомоти прокуратура ба хизмат таъин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат ва собиқаи кориашон дар рўзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад», муроҷиатҳои ўро рад намудааст.
Муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки амалҳои Раёсати молия ва иқтисоди ВКД ҶТ, ки моддаи 14 Қонуни зикршударо дастрас карда, собиқаи 9 солаи ўро дар мақомоти прокуратура ва гумрук ба эътибор намегирад, ғайриконститутсионӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ва кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, пешбининамудаи моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намудааст.
Бинобар ин, ў имконият надорад, ки ҳуқуқҳои зикршудаи консти- тутсионии худро барои фаъолияти меҳнатии 9 солааш дар мақомоти хифзи ҳуқуқ тавасути нафақа амалӣ намояд.
Барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намуда бошад ҳам, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳалнома аз 12 сентябри соли 2001 ва баъдан Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди шаҳри Душанбе бо қарори худ аз 17 ноябри соли 2011 аризаҳои ўро беқаноат монондаанд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Раҷабов Ҷ. ба Суди консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз он хоҳиш намудааст, ки оид ба пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби дар ариза-дархост гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.
Мазмуну мўҳтавои аризаи (дархости) муроҷиаткунанда дар хусуси оид ба як масъала ба ҳам мувофиқ набудани ҷавобҳои кумитаҳои гуногуни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тафсири нодурусти қисми 2 моддаи 14 Қонуни зикршуда, аз тарафи ВКД ҶТ ва судҳо ба инобат гирифта нашудани мактубҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хулосаҳои дигар мақомоти ваколатдор, татбиқи нодурусти меъёри зикршудаи қонун аз тарафи судҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест.
Баъдан, Суди конститутсионӣ на ҳаллу фасли масъалаҳои зикр- шуда ва баҳодиҳӣ ба татбиқи дуруст ё нодурусти қонун ва санадҳои меъёрии ҳукуқиро аз тарафи субъектони ваколатдори ҳуқуқ, балки муайян намудани мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия баррасӣ менамояд, агар боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд маҳз меъёрҳои мушаххаси қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гардида бошад.
Муроҷиаткунанда дар аризаи (дархости) худ муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия ба миён гузошта, барои исботи андешаҳои худ далел ё асосноккуниеро пеш наовардааст. Ҳамчунин матни аризаи (дархост) саросар аз масъала ва мавзўҳое иборат аст, ки баррасии онҳо мувофиқан ба салоҳияти мақомоти дар боло зикршудаи давлатӣ тааллуқ дорад.
Бо ин назардошт, аризаи (дархости) Раҷабов Ҷ. аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои пешниҳоди дархостҳои субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, мувофиқат намекунад.
Ҳамзамон, Раҷабов Ҷ. метавонад, ҷиҳати тафсири расмӣ оид ба татбиқи дурусти қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» бори дигар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо назардошти тафсири додашуда, қазияи худро ҳаллу фасл намояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов Ҷ «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 № 1106 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов