Таъинот аз рўи муроҷиати Раиси шаҳри Хуҷанд

Т А Ъ И Н О Т
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ оид ба пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷанди   вилояти Суғд «Дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002»

     шаҳри Душанбе                                                             13 марти соли 2006

    Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиев З.М., судяҳо: Фатҳиллоев С.Ф., Абдуллоев А.А.,  Абдуллоев Л.И., Комилова Х.Р., Муқбилшоев Б., Назаров М.,
    бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Рауфов М.М.,
         дар маҷлиси Суди конститутсионӣ пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷанд О.Р.Ҷалоловро «Дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002» дида баромада, маърўзаи судя Комилова Х.Р.-ро шунида,

м у а й я н   к а р д:
    Муроҷиаткунанда дар пешниҳоди худ хоҳиш намудааст, ки  ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002 аз рўи даъвои ҶММ Компанияи «Дарё»-и шаҳри Хуҷанд ба ҷавобгарии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар бораи вобаста намудани қитъаи замин барои лоиҳакашӣ беэътибор дониста шавад.


Дар муроҷиат омадааст, ки бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002 Ҳукумати шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудааст, ки дар асоси Қарори таҳти №422 ва протоколи шаҳрсозии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 20.10 соли 1999 қитъаи заминро дар асоси лоиҳаи тайёршуда оиди сохтмони маркази савдо дар шимолу шарқии ҳамшафати бозори «Панҷшанбе» ба масоҳати 3,2 га ба ширкати «Дарё» вобаста намояд.


Муроҷиаткунанда талаб мекунад, ки ҳалномаи номбурда аз сабаби ғайриқонуни ва иҷронашаванда буданаш бекор карда шавад.
Суди конститутсионӣ маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда, ба хулоса омад, ки оиди пешниҳоди воридшуда мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда нашавад.


Мувофиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бекор кардани ҳалномаҳои судҳои иқтисодӣ ва муайян намудани қонунӣ ва асоснок будани онҳо ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад. Бинобар ин Суди конститутсионӣ муроҷиати Раиси шаҳри Хуҷандро  дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002 баррасӣ карда наметавонад.


Раиси шаҳри Хуҷанд оиди ин масъала метавонад ба марҳилаҳои назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.


Мувофиқи қисми 5 моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» боҷи давлатӣ дар мавриди қабул нашудани муроҷиат барои баррасӣ дар Суди конститутсионӣ, ба шахси муроҷиаткунанда баргардонида мешавад.          


Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаҳои 42, 47 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионӣ
т а ъ и н   к а р д:
1.Оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ аз рўи пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи беэътибор донистани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 3 сентябри соли 2002» бо сабаби ба ваколати  Суди конститутсионӣ таалуқ надоштанаш рад карда шавад.
2.Боҷи давлатӣ, ки бо супориши пулӣ  таҳти №7 аз 20 феврали соли 2006 ба ОТД ТСБ «Амонатбонк»-и шаҳри Хуҷанд ба миқдори 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ супорида шудааст аз қабулкунандаи он ГорФо-и шаҳри Хуҷанд ба Фонди хайрия ва дастгирии табақаи аҳолии камбизоати шаҳри Хуҷанд баргардонида шавад.    
3.Таъинот қатъӣ мебошад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.   

            Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         З. Алиев

               Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      М. Назаров