Таъинот аз рўи муроҷиати Ватаншоев Қ.

Дар бораи рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон  Ватаншоев Қуботбек ва Дўстова Қирғизмо  «Дар бораи муайян намудани мувофиқати  моддаҳои 41, 42, 111 Кодекси      манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » ба моддаҳои 5, 10, 14, 22 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон

                   ш. Душанбе                                       13 ноябри соли  2008

    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда – Муовини раиси Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назаров М.,судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К. М.  ва  Муқбилшоев Б.,
    бо котибии Холиқова Ш.C.
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ дархости шаҳрвандон  Ватаншоев Қуботбек ва Дўстова Қирғизморо  «Дар бораи муайян намудани мувофиқати  моддаҳои 41, 42, 111 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 10, 14, 22 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, гузориши  судя Абдуллоев Л.И.  – ро шунида,

                        муайян кард:
Ватаншоев Қ.  ва  Дўстова К. бо дархост ба Суди конститутсионӣ  муроҷиат намуда дар он қайд менамоянд, ки  бинобар 13 сол ба сифати коргар дар заводи Гидрозойли шаҳраки Ҳисор кор кардани Ватаншоев Қ . бо қарори Комиҷроияи ноҳияи Ҳисор аз 10 декабри соли 1990 ба ў дар кўчаи Бобоҷон Ғафуров,  хонаи 9 манзили истиқоматии  сеҳуҷрадор, ҷудо карданд, ў бо аҳли оилааш дар ин суроға  то моҳи ноябри соли 1992 истиқомат намуда, бинобар вазнин гаштани авзои сиёсии кишвар ва бо мақсади  бехатар монданашон  дари хонаро маҳкам карда ба шаҳри Душанбе муҳоҷир  шудаанд.
 Моҳи феврали соли 1993  Комиҷроияи ноҳияи Ҳисор аз набудани онҳо истифода бурда бо манзилномаи № 89  аз  24  феврали соли 1993 манзилашонро ба шаҳрванд   Икромов Қурбон додаст. Икромов К.
12 августи соли 1993 хонаро дар Комбинати муассисаҳои коммуналии ноҳияи Ҳисор ба номаш хусусӣ гардонида,  пас аз ду соли истифода,  20 сентябри соли 1995 онро ба  шаҳрванд  Зуҳурова Амина Музаффаровна фурўхтааст.
Дар навбати худ Зуҳурова А.  пас аз 4 солу 6 моҳ, яъне 26 марти соли 2002  хонаро ба Ҳоҷимуродова  Х.   фурўхтааст.
Аз моҳи марти соли 1993 то 7 феврали соли 2007 дар асоси  даъвои онҳо оиди беэътибор донистани  ордери Комиҷроияи ноҳияи Ҳисор ва аз манзил баровардани Икромов К. ва Зуҳурова А., инчунин дар бораи  бадастоварандаи бовиҷдон ҳисоб накардани Ҳоҷимуродова Ҳ. аз тарафи судҳои ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Фрунзеи шаҳри Душанбе (ҳоло Сино) ва  Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 маротиба мурофиаи судӣ баргузор гардида, ниҳоят даъвояшон беқаноат мононда шудааст.
Онҳо сабаби аз манзили истиқоматӣ маҳрум шуданашонро аз натиҷаи қарори ғайриқонунии Комиҷроияи ноҳияи Ҳисор ва қарорҳои ғайриқонунӣ баровардаи судҳои зикргардида дониста, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудаанд, ки ба моддаҳои 5, 10, 14 ва 22 Конститутсия  мутобиқат доштани  моддаҳои 41, 42, 111 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад.
    Ватаншоев Қ ва Дўстова Қ инчунин аз Суди конститутсионӣ хоҳиш  доранд, ки ба конститутсионӣ ва асоснокии қарорҳои судӣ аз ҷумла ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринав аз 11 декабри соли 2006, ки тибқи он шаҳрванд Ҳоҷимуродова Ҳ.З. нисбати  манзили номбурда соҳибмулк эътироф шудааст ва ба  таъиноти Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 2 феврали соли 2007, ки шикояти кассатсионии онҳоро аз болои ҳалномаи номбурдаи суд беқаноат монондааст, баҳои ҳуқуқӣ  диҳад.
    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дархостро омўхта ба хулоса омад, ки барои оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ асос мавҷуд нест, зеро меъёрҳоеро, ки онҳо муайян намудани мувофиқаташонро  ба Конститутсия пурсидаанд нисбаташон  татбиқ нашудаанд.  Онҳо меъёрҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ набуда, балки меъёрҳои умумии  муайянкунандаи тартиби баррасӣ ва татбиқкунии дигар меъёрҳои ҳуқуқмуайянкунанда мебошанд, ки ҳаллу фасли чунин масъала ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб нест.
    Тибқи моддаи  36    Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионӣ танҳо масъалаҳои ҳуқуқро муайян ва ҳал менамояд. Дар чунин ҳолат онҳо  мувофиқан субекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ   низ  шуда   наметавонанд.
Аз татбиқшаванда  будан  ё  татбиқ  шудани моддаҳои 41, 42, 47, 111 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати муроҷиаткунандагон ҳуқуқҳои  онҳо  вайрон   карда   намешуд.
    Илова бар ин муроҷиаткунандагон тибқи талаботи моддаи 40 Қонуни  конститутсионии номбурда, тартиби таҳияи дархост ва тарзу шакли муроҷиаткуниро ба Суди конститутсионӣ риоя накардаанд.
Доир ба масъалаи қисмати дигари муроҷиат бошад, бояд қайд намуд, ки Суди конститутсионӣ салоҳияти ба  қарорҳои қабулкардаи судҳои умумӣ  баҳои ҳуқуқӣ доданро  надорад.
        Дар асоси ҳолатҳои дар боло зикргардида ва тибқи талаботи моддаҳои 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н  к а р д:
1.Оғози намудани мурофиаи Суди конститутсионӣ оид ба  дархости шаҳрвандон  Ватаншоев Қуботбек ва Дўстова Қирғизмо бинобар мансубият надоштани масъалаҳои бамиёнгузошта ба салоҳияти Суди конститутсионӣ рад карда шавад.

2.Маводи пешниҳодшуда ва боҷи давлатӣ, ки бо супориши пулӣ  аз 9 октябри соли 2008 ба маблағи 40 сомонӣ таҳти № 0419 дар  Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шўъбаи №5 пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.

3.Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

      Муовини  Раиси
Суди конститутсионии
ҶумҳурииТ оҷикистон                                                          М. Назаров

             Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           К. Каримов