Таъинот аз рўи муроҷиати Бобомуродова Ш

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе.                                                   1 феврали соли 2010

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конс-титутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости шаҳр- ванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мод- даҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,

м у а й я н к а р д:

Бобомуродова Ш. ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў соли 1988 бо Назаров Абдусалом акди никоҳи мусулмонӣ баста, оила барпо намуд. Аз ҳаёти якҷояашон бо Назаров А. соҳиби 2 фарзанд мебошад. Дар вақти барпо намудани оила на ў ва на шавҳараш хонаи истиқоматӣ надоштанд. Иҷоранишинӣ ва зистан дар хонаи падару бародаронаш ба онҳо душворӣ пеш овард. Бинобар ин, ў соли 1991 аз ҳисоби пасандозҳои ҷамъкардаи худ ва аз ҳисоби кўмакҳои ба ў расондаи падару бародаронаш дар маблағи 5 ҳазор рубли даврони шўравӣ дар деҳаи Маҳнатободи Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ хонаи истиқоматӣ харида, дар он то имрўз зиндагӣ дорад.

Дар охири соли 2008 муносибати оилавии онҳо бад шуда, ба ҷудо- шавии онҳо оварда расонид. Дар асоси аризаи даъвогии Назаров А. Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ҳалномаи худ аз 12 ноябри соли 2009 ўро аз хонаи истиқоматиаш бароварда, дар деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти Узон дар хонаи харидаи шавҳараш маскун намуд.

Аризаи ба муқобили аризаи даъвогии шавҳараш Назаров А. пеш- ниҳодкардаи ўро Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ каноатбахш нагардонд.

Коллегия оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионии ўро аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ бе қаноат мононд.

Бобомуродова Ш. ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва таъиноти Коллегия оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлонро беасос ва ғайриқонунӣ ҳисобида, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намуд, ки мутобиқати санадҳои зикршудаи судиро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷум- ҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи пешниҳодшударо ҳаматарафа омўхта, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад намуд:

Талаби дар дархости Бобомуродова Ш. пешниҳодшуда ба сало- ҳияти Суди конститутсионӣ дахл надорад, зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади татбиқшуда ё татбиқшаванда дар му- носибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Санҷиши асоснокию қонунии ҳалномаву таъинот ва дигар санад- ҳои судӣ ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости муроҷиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1.Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бобомуродова Ш. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 12 ноябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Хатлон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 215, 220, 221, 222 ва 321 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К Каримов