Таъинот аз рўи муроҷиати Ниёзов М.В.

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонӣ аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум- ҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 1 феврали соли 2010

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани муто- биқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи ваколатдори маҳкумшуда Ниёзов М.В.- адвокат Шу- куров Х. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷита намуда, дар он қайд менамояд, ки Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳукми худ аз 25 ноябри соли 2008 Ниёзов М.-ро барои дуздидани молу мулки шахсии Каримов И. ба маблағи 7650 сомонӣ бо моддаҳои 244 қисми 3 банди «а», 250 қисми 3 банди «г» ва моддаи 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Ду- шанбе бо таъиноти худ аз аз 4 феврали соли 2009 ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанберо бо моддаи 250 қисми 3 банди «г»-и Ко- декси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода, мўҳлати ҷазоро аз ҷои 13 солу 6 моҳ то ба 10 сол кам намуда, қисми дигари шикояти касат- сионии ўро дар хусуси бегуноҳии Ниёзов М.В беқаноат мононд.

Ба андешаи Шукуров Х. дар рафти тафтишоти пешакӣ ва муро- фиаи судӣ айби ба зерҳимояи ў Ниёзов М. бо моддаҳои 244 қисми 3 банди «а» ва 250 қисми 3 банди «г» эълоншуда тасдиқи худро наёфт, зеро кормандони милитсия бо роҳи фишору зўроварӣ ва расонидани чораҳои ҷисмонӣ айби сохтаро ба Ниёзов М. бор карданд.

Бинобар ин, ў ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанберо аз 4 феврали соли 2009 беасос ва ғайриқонунӣ ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ талаб намуд, ки мутоби- қати онҳоро ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, онҳоро ҳамчун санадҳои судии ба Конститутсия мухолиф аз эътибор соқит донад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи пешниҳодшударо ҳаматарафа омўхта, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад намуд:

Талаби дар дархости адвокат Шукуров Х. пешниҳодшуда ба сало- ҳияти Суди конститутсионӣ дахл надорад, зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 14 ва банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади татбиқшуда ё татбиқшаванда дар му- носибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Санҷиши асоснокию қонунии ҳалномаву таъинот ва дигар санад- ҳои судӣ ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Аз тарафи дигар шакл ва мазмуни дархости муроҷиаткунанда низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар- хости намояндаи ваколатдори Ниёзов М.В.- адвокат Шукуров Х. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонӣ аз 25 ноябри соли 2008 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 4 феврали соли 2009 ба моддаҳои 1, 5, 10, 14, 17, 84, 87 ва 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дахл надоштанаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов