ТАЪИНОТ дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

    ш. Душанбе                                                          18 марти  соли 2022

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику­нанда Раиси  Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҷамшедзода Ҷ.Н., судяҳо: Абдураҳимзода Д.Р.,  Шарифзода А.Н., ва Қувватзода Ф.Ҷ.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Шоназарова З.Х.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ пешниҳоди судя Қувватзода Ф.Ҷ., аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба моддаи 19 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  шунида,

м у а й я н  к а р д:

Шаҳрванд Набиев Н.С., ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии  Тоҷикистон бо дархост муроҷиат карда, дар он зикр менамояд, ки қаблан ӯ ба Суди конститутсионӣ доир ба номувофиқатии меъёрҳои моддӣ ва мурофиавии дар парвандаи мушаххас аз ҷониби  суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе нисбаташ татбиқшуда, ки ҳуқуқҳои тибқи  моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашудаи ў вайрон шудаанд, бо дархост муроҷиат кардааст. 

Дар робита ба ин, Набиев Н.С., қайд менамояд, ки Суди конститутсионӣ бо таъиноти худ аз 2 августи соли 2021, моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро татбиқ намуда нисбати дархости ў  оғоз намудани мурофиаи судиро рад намудааст, вале таъинотро асоснок накардааст ва бо ҳамин васила ҳуқуқи конститутсионии ўро ба ҳимояи судӣ вайрон намудааст.

Муроҷиаткунанда, доир ба ҳолатҳои мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки нисбати таъиноти Суди конститутсионӣ оид ба рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ нисбати дархосташ аз 2 августи соли 2021 шикоят надорад, зеро тибқи қонун таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест, вале ба андешаи ў Суди конститутсионӣ бо  амал (беамалии) худ ҳуқуқҳои дар моддаи 19 Конститутсия пешбинишудаи ўро вайрон  намудааст.

Моҳияти дархосташро муроҷиаткунанда дар зарурияти барқарор намудани қонуният ва бартараф намудани вайронкунии меъёрҳои дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ифода менамояд, ки ба андешаи ў дар натиҷаи татбиқи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати дархосташ аз 2 августи соли 2021, аз тарафи Суди конститутсионӣ ҳуқуқҳои конститутсиониаш вайрон  гардидаанд.

      Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Набиев Н.С.,  хоҳиш кардааст, ки дархосташро баррасӣ карда, аз рўи он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ва мувофиқати моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

      Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Набиев Н.С. ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди баррасӣ қарор дода,оғоз намудани  мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо асосҳои зерин рад менамояд:

– дар масъалаи мувофиқати моддаи 41 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 19 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон номуайяние ошкор нагардид, ки он барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад. Чунки моддаи 19 Конститутсия аз меъёрҳои моддӣ иборат аст, ки дорои мазмун ва мавзўи танзими ҳуқуқии худ  мебошанд ва бо моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқамандии бевоситаи мавзўӣ ва мазмунӣ надоранд ва мантиқан наметавонанд боиси таҳлили муқоисавии конститутсионӣ-ҳуқуқӣ гарданд. Ҳамчунин, муроҷиаткунанда дархосташро бо факту далелҳои мушаххаси мавзўӣ асоснок накардааст. Мавқеъ бояд мавзўи баррасишавандаро фаро гирифта, асосноккунии ҳуқуқии ҷанбаҳои мавзўи баҳсиро бевосита ифода карда тавонад.          

– оид ба асоси татбиқи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба дархости шаҳрванд Набиев Н.С., аз 2 августи соли 2021 «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаминро бояд қайд намуд, ки дархости мазкур ба талаботи сархати 6 қисми 1 ва қисмҳои 5, 6  моддаи 41 Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқат надошт .

        Дархости мазкур низ аз ҷиҳати шакл ва мазмун ба талаботи сархати 6 қисми 1 ва қисмҳои 5, 6  моддаи 41 Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқат надорад,  зеро дар он  ҳолатҳо ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро бо онҳо асоснок мекунад, нишон дода нашудаанд. Ҳамчунин, Набиев Н.С., дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо бо забони русӣ ба суд пешниҳод кардааст, ки тибқи муқаррароти моддаи зикршуда тарҷумаи онҳоро низ бояд бо забони давлатӣ пешниҳод мекард. Ғайр аз ин, дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замима­шуда бо теъдоди 1 нусха ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ба он ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ замима  нашудааст.

      Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон,

                                          т а ъ и н   к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба моддаи 19 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани  он рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад. 

              Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ашурзода А.А.

       Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ҷамшедзода Ҷ.Н.