ТАЪИНОТ дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндагони ваколатдор, адвокатҳои кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев С.Н. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе                                                           4 марти соли 2022

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунан­да – Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А.,  муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҷамшедзода Ҷ.Н., судяҳо: Абдураҳимзода Д.Р. Шарифзода А.Н. ва Ќувватзода Ф.Ҷ.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –  Усмонова М.А.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судя-котиб Ҷамшедзода Ҷ.Н. ва судя Ќувватзода Ф.Ҷ.- ро оид ба дархости намояндагони ваколатдор, адвокат-ҳои кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев С.Н. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати меъёрҳои Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида,

м у а й я н  к а р д:

Намояндагони ваколатдор, адвокатҳои кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев С.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, дар он зикр менамоянд, ки  соли 2018 намояндагони Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кўпрукҳои шаҳри Душанбе» бо сабаби сохтмони роҳи автомобилгарди кўчаи Маяковскии шаҳри Душанбе (аз хиёбони Н.Махсум то кўчаи Карамов) шаҳрванд Зайдуллоев С.Н.– ро огоҳ намуданд, ки манзили шахсиаш № 93а воќеъ дар кўчаи Панҷрўди шаҳри Душанбе барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ бартараф карда мешавад.

Соҳибмулк Зайдуллоев С.Н. бо талаби намояндагони муассисаи зикргардида ҳуҷҷатҳои манзилашро барои ҳалли масъалаи пардохти ҷуброни зарар бинобар бартараф намудани манзили истиќоматиаш, пешниҳод кардааст.

Муроҷиаткунандагон иброз медоранд, ки Муассиаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кўпрукҳои шаҳри Душанбе» соҳибмулк Зайдуллов С.Н – ро хабардор накарда, бо мактуб аз 6 октябри соли 2021, № 1-570, дар асоси Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» бо бастани шартнома аз 7 октябри соли 2021, № 74 ҳамчун фармоишгар ба иҷрокунанда (баҳодиҳанда) КВД «Баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)» – маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба нархгузории молу мулки манзили истиќоматии № 93а воќеъ дар кўчаи Панҷрўди шаҳри Душанбе, фармоиш додааст.

Ҳамзамон, муроҷиаткунандагон ќайд менамоянд, ки дар Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» оид ба дода шудани иттилоот ба соҳибмулк дар бораи баста шудани шартнома байни фармоишгар ва иҷрокунанда (баҳодиҳанда) барои гузаронидани баҳодиҳии молу мулки ғайриманќул, ягон меъёр пешбинӣ нашудааст. Инчунин дар Ќонуни зикргардида оид ба гирифтани розигии соҳибмулк барои гузаронидани баҳодиҳии молу мулки ғайриманќули ў низ ягон меъёр муќаррар нашудааст.

 Ба андешаи муроҷиаткунандагон ин ҳолат боиси дағалона вайрон шудани ҳуќуќ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба моликият буда, аз мутобиќ набудани Ќонуни зикргардида ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Муроҷиаткунандагон иброз медоранд, ки дар сурати ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ворид кардани меъёри дахлдор, ки «розигии соҳибмулкро оид ба гирифта шудани молу мулки шахсии ў барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият бо пардохти арзиши пурраи он» – пешбинӣ кунад, он гоҳ кафолати ҳифзи ҳуќуќи моликиятии ҳар як  фард ва аҳли оилаи ў ба манзил дар сатҳи ќонунӣ таъмин гардида, барои беҳбудии мунтазами шароити зист, мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, муроҷиаткунандагон таъкид менамоянд, ки меъёрҳои дигар ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуќуќи моликият, аз ҷумла ќисми 2 моддаи 237, моддаи 263 ва моддаи 265  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиќ мебошанд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, онҳо ба  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб доранд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқати Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда шавад.

  Суди конститутсионӣ дархости намояндагони ваколатдор, адвокатҳои кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллоев С.Н. ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо ҳаматарафа мавриди омўзиш ќарор дода,  ќайд менамояд, ки Зайдуллоев С.Н. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо нисбати дархости мазкур оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

– дархости муроҷиаткунандагон мувофиќи сархати шашуми ќисми 3 моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷкистон» бояд бо ҳолатҳо ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба  моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиќат надоштани меъёрҳои мушаххаси Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» асоснок мешуд, яъне талаб бояд меъёрҳои мушаххаси Ќонуни мазкурро дар бар гирифта бо далелҳо асоснок карда шавад. Бо чунин тарзи масъалагузорӣ, дархости муроҷиаткунандагон аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи  моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиќат намекунад;

  •  дархости муроҷиаткунанда, дар хусуси ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ворид кардани меъёри дахлдор, ки «розигии соҳибмулкро оид ба гирифта шудани молу мулки шахсиаш барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият бо пардохти арзиши пурраи он» пешбинӣ кунад, ба тобеияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешавад, зеро Суди конститутсионӣ ҳуќуќи ташаббуси ќонунгузорӣ надорад.

Мувофиќи ќисми 3 моддаи 66 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳангоми баррасӣ нагардидани муроҷиат, боҷи давлатӣ ба муроҷиаткунанда пас гардонида мешавад.

 Бинобар ин, мутобиќи моддаҳои 34, 38, 40, 41, 43, 45, 55, 56, 60 ва ќисми 3 моддаи 66 Ќоуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н  к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости намояндагони ваколатдор, адвокатҳои  кабинети адвокатӣ Шарипов А.П., Шозодаева Г.Ш. ва намоянда Каримова Т.Д. ҷиҳати ҳимояи манфиати шаҳрванд Зайдуллов С.Н. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати меъёрҳои Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиќ набудани дархост, ва таҳти тобеияти Суди конститутсионӣ ќарор надоштани масъалаҳои алоҳидаи муроҷиат  рад карда шавад.

2. Боҷи давлатӣ, ки бо расиди № 3545/149 аз 3 феврали соли 2022 ба БДА ҶТ «Амонатбонк» МХБ  №05/018 ба маблағи 64 (шасту чор) сомонӣ супорида шудааст, ба шаҳрванд Зайдуллоев Саидҷон Насирович баргардонида шавад.

3. Таъинот ќатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад. 

             Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ашурзода А.А.

          Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ҷамшедзода Ҷ.Н. 

Yandex.Metrica