Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости намояндаи ваколатдори шахрванд Исроилов П.Р. – Кодиров Ш.С.

таъинот

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 8 августи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Ка­римзода К.М.-ро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофи­қати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Қодиров Ш.С. – намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р.бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистон муроҷиат наму­да, дар он қайд менамояд, ки суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Исроилов Т.П.Шоимардонова О.Ҳ. нисбати Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти №14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи«АксесБонк Тоҷикистон»нисбати Исроилов П.Р. оид ба эътироф наму­дани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчонидан аз ман­зили истиқоматиро бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муроҷиаткунанда аризаи даъвогии ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳодкардаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон»-ро ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр менамояд, ки дар он тобе­ияти судӣ ва дигар меъёрҳои қонун дағалона вайрон карда шудааст. Бинобар он ки Исроилов П.Р. соҳибкори инфиродӣ ба шумор меравад, баррасии мавзўи аризаи даъвогии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон» ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб мебошад ва қаблан суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Ҷамъияти зикршударо тибқи талаботи қонун­гузории мурофиавии иқтисодӣ баррасӣ намудааст.

Вобаста ба ин масъала, ў ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дархости шифоҳӣ пешниҳод намуда, хоҳиш намудааст, ки даъвои Ҷамъи­я­ти саҳомии пўши­даи «Аксес­Бонк Тоҷи­кис­тон» дар қисмати эъти­рофи ҳуқуқи моли­кият ба хонаи истиқоматӣ бинобар ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб будани баррасии он рад карда шавад.

Аммо суд ин талаби ўро қонеъ нагардонида, бо дарназардошти он ки талаботи дуюми Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» – кўчонидан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқо­матӣ – ба тобеияти судҳои умумӣ тааллуқ дорад, бар хилофи талаботи қонун баррасии парвандаро идома дода, қарор қабул намудааст. Бо ин амали худ суд ҳуқуқҳои конститутсионии сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8-ро вайрон кардааст.

Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, зикр мекунад, ки хулосаи прокурор вобаста ба баҳси мазкур гирифта нашудааст ва нуқтаи назари дигар иштирокчиёни пар­ванда номаълум мебошад.

Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаф­фус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз муро­фиаи судӣ воқиф намудаанд.

Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.

Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирок­чиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда чунин мешуморад, ки ҳуқуқҳои кон­сти­тутсионии иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол гардидааст. Ин ба он боис гардид, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.

Би­нобар ин, Қодиров Ш.С. ҳамчун намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов П.Р. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат на­му­да, талаб намуда­аст, ки дар ас­оси дархости ў мурофиаи судии конс­ти­тутсионӣ оғоз карда, му­вофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон му­ай­ян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Қодиров Ш.С. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овар­даи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Кон­ститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси кон­сти­тутсионӣ намебо­шад.

Тибқи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон», Суди конститутсионӣ на масъа­ла­и мувофиқ будан ё набудани санади қабулнамудаи судиро ба Консти­тутсия, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиқат дош­та­ни қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу­қиро баррасӣ менамояд.

Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.

Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муро­ҷиат­кунанда низ берун аз доираи амалисозии назорати судии конститут­сионӣ ифода карда шудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­с­ти­­­­тут­­сиониро оид ба дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исрои­лов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани муво­фи­қати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди консти­­­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дархости намояндаи ваколат­дори шаҳрванд Исроилов П.Р. – Қодиров Ш.С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», бинобар ба салоҳияти Суди консти­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica