ТАЪИНОТ дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон «Дар бораи мувофиқат накардани моддаи 321 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

        ш. Душанбе                                                                   10 январи соли 2020

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И. ва Ҷамшедзода Ҷ.Н.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Исломзода П.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллозода Л.И. ва Ҷамшедзода Ҷ.Н.-ро аз рўи дар­хости ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон «Дар бораи мувофиқат накар­дани моддаи 321 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон»шунида,

м у а й я н  к а р д:

Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон дар намояндагии раисаш Зойиров Р.Ҳ. бо дар­хост ба Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муро­ҷиат намуда, дар он қайд ме­на­мояд, ки моддаи 321 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» ғайриконститутсионӣ мебошад ва аз ин рў, аз рўзи қабулаш эъти­бор надорад.

Дар иртибот ба андешаи худ муроҷиаткунанда ба қисми сеюми мод­даи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 49 Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон ишора намуда, аз ҷумла иброз медорад, ки Консти­тутсия шаш намуди сензҳои интихоботӣ, яъне аз рўи синну сол, шаҳрвандӣ, таҳсил, ҷойи истиқомат, хизматӣ ва забо­ниро муайян намуда, дар он  ягон сензи молиявӣ ё гарави интихоботӣ пешбинӣ нашудааст. Ҳамчунин, ў таҷрибаи дигар давлатҳоро мисол оварда, дар онҳо мав­ҷу­дияти сенз­ҳои интихоботӣ, аз қабили синну сол, шаҳр­ван­дӣ, моли­кият (молиявӣ),таҳсил, иқомат, ҷинс, нажод, дин, хизмат ва забо­ниро қайд мекунад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда меъёрҳои сензи молиявӣ, нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабӣ ҳамеша табъиз буда, ба принсипҳои демократии интихо­бот мувофиқ нестанд. Ҳангоми қабули Қонуни конститут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» гарав ё сензи молиявии интихобот мавҷуд набуд. Баъдан, ба ин қонун моддаи 321 ворид карда шуд ва аз ҳамин давра, дар тўли беш аз даҳ сол ҳизби сосиал-демократии Тоҷи­кистон масъалаи мазкурро зери суол мемонад, аммо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон муроҷиатҳояшро ба эътибор намегирад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда моддаи 321 Қону­ни конститут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи интихо­боти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон»-ро хилофи қисми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14,  қисми якуми моддаи 17 ва қисм­ҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Консти­тутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон ҳисобида, бо такя ба муқаррароти моддаи 10 Конститут­сия қайд мекунад, ки моддаи 321 Қонуни конститут­сионии зикршуда аз рўзи қабулаш эътибор надорад.

Бинобар ин, ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон аз Суди конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон талаб намудааст, ки гарави интихоботие, ки дар моддаи 321 Қону­ни конститут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи интихо­боти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» муқаррар шуда­аст, бекор карда шавад ва аз рўзи қабулаш беэътибор дониста шавад.   

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­во­ди ба он замимашударо ҳаматарафа дида баромада, дар масъалаи мутоби­қати моддаи 321 Қону­ни конститут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи интихо­боти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» ба қисми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17 ва қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Кон­сти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон но­муай­я­­­ние ошкор накард, ки он ба­рои бар­расии парванда дар Суди конс­ти­тутсионӣ асос гардад.

Чунончи, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқат дош­тани қонунҳо ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.

Мавҷуд набудани номуайянӣ дар масъалаи баҳсӣ дар он ифода меё­бад, ки му­қар­рароти қис­ми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми мод­даи 17 Консти­тутсия, ки муроҷиаткунанда дар доираи дархост ба онҳо ишора намуда­аст, ба моддаи 321 Қону­ни конс­титут­сионии Ҷум­ҳу­рии То­ҷикис­тон «Дар бораи интихо­боти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» алоқа­ман­­дии бево­ситаи мавзўӣ ва мазмунӣ надоранд ва ин ҳолат ман­тиқан намета­вонад боиси таҳлили муқои­­савии конститутсионӣ-ҳуқу­қии меъёри моддаи баҳ­сии Қонуни конститутсионӣ ва меъёрҳои зикр­шудаи Консти­тутсия гар­дад.

Моддаҳои зикршудаи Конститутсия дорои маз­мун ва мав­зўи танзими ҳуқуқии худ буда, онҳоро ба таври умум ва фарз нисбати тамоми масъ­а­ла­­ҳои ҷузъии пешбининамудаи қонунгузорӣ бево­сита татбиқ кардан мантиқ надорад.

Бинобар ин, мавқеи муроҷиаткунанда ба эҳтимолияти тах­ми­­нии ў дар ху­су­си ғайриконститутсионӣ будани муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқӣ асос ёфта, бо факту далелҳои мушаххаси мавзўӣ асоснок карда на­шудааст. Мавқеъ бояд мавзўи баррасишавандаро фаро гирифта, асос­но­к­ку­нии ҳуқуқии ҷанбаҳои мавзўи баҳсиро бевосита ифода карда тавонад. 

Набудани номуайянӣ дар масъалаи мутоби­қати моддаи 321 Қону­ни конс­титут­сионӣ ба қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Кон­сти­тут­сияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон бошад, дар он ифо­да меёбад, ки дар қисмҳои зикр­шудаи моддаи 49 Конститутсия ба таври мушаххас пеш­­­­­­бинӣ нашуда­ни масъалаи баҳсӣ (гарави ин­ти­хоботӣ) ва зери танзими Қонуни конститут­сионӣ қарор гирифтани он, таҷрибаи маъмули конститутсионӣ арзёбӣ мегардад.

Инчунин, дар қисми ҳаштуми моддаи 49 Конститутсия ба Қонуни конститут­сионӣ ҳавола гар­ди­дани масъалаҳои марбут ба интихобот, маз­муни аз тан­зими конститут­сионӣ берун мондани масъала ва ғай­ри­конс­­титутсионӣ будани онро на­дорад. Ин ҳолат, аз хусусияти муқар­ра­ркунан­да ва муайян­кунанда дош­­тани Конс­­ти­тутсия чун санади эътибори олии ҳуқуқидошта бармеояд ва идо­­маи мантиқии татбиқи меъёрҳои Конс­титут­сия дар қонунгузорӣ ба шу­мор ме­равад. 

Илова бар ин, муқаррароти моддаи 321 Қону­ни конститут­сионии зикр­­шуда мазмунан меъёри маҳ­дуд­ку­нанда ё манъкунандаи ҳуқуқи  инти­хо­­­бо­тӣ набуда, нисбат ба тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон якхела тат­биқ мегар­дад.

Дар ҳамин замина Қону­ни конститут­сионии Ҷум­ҳу­рии То­ҷи­кистон «Дар бораи интихо­боти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» мас­ъа­­ла­ҳои марбут ба интихоботро ба мақоми олии намояндагӣ ва қо­нун­гу­зории кишвар дар доираи талаботи Конститутсия мавриди танзим ва ҳ­ал­лу фасл қарор додааст.

Ғайр аз ин, ҳизби сосиал-демократии Тоҷикис­тон ҳуқуқи муроҷиати худро ба Суди конститутсионӣ бо банди а) қисми дуюми моддаи 14, банди 7) моддаи 37, қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми моддаи 40, қисми чоруми моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995, №85 «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон» асоснок намудааст, ки Қо­нуни конститутсионии мазкур бино­­­бар дар таҳрири нав қабул гар­дидани Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, №1083 «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» аз эъти­бор соқит дониста шуда­аст. Ҳуқуқ ва тартиби муроҷиат ба Суди консти­тут­сионӣ дар дигар мод­даҳои дахлдори Қонуни конститутсионии амалку­нанда аз 26 июли соли 2014мавриди тан­зими ҳуқуқӣ қарор дода шудааст.

Бо чунин тарзи масъалагузорӣ, дархости муроҷиаткунанда аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи  моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқат намекунад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости ҳизби сосиал-демократии Тоҷикис­тон «Дар бораи мувофиқат накардани моддаи 321 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисми сеюми моддаи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» бинобар набу­дани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ва ба тала­боти моддаи 41 Қонуни консти­­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани дархост рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н   к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дархости ҳизби сосиал-демократии Тоҷикис­тон «Дар бораи мувофиқат накардани моддаи 321 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисми сеюми мод­даи 1, қисми сеюми моддаи 5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 49 Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни кон­сти­­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад. 

             Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ашурзода А.А.

        Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica