НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР СОЛИ 2019
3 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, муовини Раис, судяҳо, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҷамъбастии фаъолияти Суд дар соли 2019 доир гардид.
Абдулҳафиз Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисро ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуд, ки соли 2019 барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли шукуфоӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, боло рафтани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ғояҳои ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа, эҳтироми анъанаву суннатҳои миллӣ ва соли баргузории рўйдодҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.
Раиси Суди конститутсионӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлати, ҳамчун як ниҳоди баландпояи мамлакат дар соли 2019 баҳри иҷрои дастуру супоришу Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ, чораҳои муаасир андешида, корҳои муайянеро ба сомон расонид, дар ин давра судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ низ аз равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мамлакат дар канор намонда, тавассути ба амалбарории рисолати касбӣ, корҳои муайянро анҷом доданд.
Сипас, муовини Раиси Суди конститутсионӣ К. Каримзода ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ А. Гулзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Суд ва дастгоҳи он дар соли 2019 ҳисобот доданд.
Қайд карда шуд, ки Суди конститутсионӣ дар соли 2019 дар доираи салоҳияти худ муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дида баромада, аз ҷумла дархости Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон «Дар бораи ғайриконститутсионӣ будани моддаи 32.1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон »-ро ба қисми 3 моддаи 1, қисми 3 моддаи 5, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон » мавриди баррасӣ ќарор дорад.
Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ нисбат ба масъалаҳои дохилии худ, 2 таъинот қабул намудааст. Ҳамин тавр, Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти 24 солаи худ ( аз марти соли 1996 то 31 декабри соли 2019) 39 қарор ва 100 таъинот (санадњои судӣ) қабул кардааст.
Дар соли 2019 ба Суди Конститутсионӣ 235 муроҷиатҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидаанд.
Муроҷиатҳои зикршуда аз тарафи масъулини Суд вобаста ба салоҳият ва тобеияташон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон маслиҳат ва посухҳои дахлдор гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Суди конститутсионӣ тибқи қонунгузорӣ ва дастурамали дахлдор ба роҳ монда шудааст.
Судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин дар соли равон теъдоди муайни санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба Конститутсия мавриди омўзиш қарор дода, диққати масъулинро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуданд.
Бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои беҳтар намудани сифати таҳия ва қабули санадҳои меъёрии зикршуда мусоидат менамояд. Ин таҷриба минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.
Ба истиснои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба Суди конститутсионӣ, инчунин 1559 маводҳои гуногун, аз ҷумла 1183 – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 376 – мактубҳо аз мақомоти гуногуни давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ ворид гардиданд.
Маводҳо, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷроӣ дошта, саривақт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор ва шаҳрвандон ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ, Суди конститутсионӣ ба мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷии худ 612 мактуб оид ба масъалаҳои гуногун ирсол кардааст.
То 1 январи соли 2020 1065346 нафар шахсон ба сомонаи Суди конститутсионӣ ворид гардида, бо маводи он шиносоӣ пайдо намудаанд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ бо мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо низ сол аз сол таҳким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунад. Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мухталифи мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ, ба шаҳрҳои Женеваи Ҷумҳурии Шветсария, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумњурии Литва, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср сафарҳои корӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла дар Конгреси умумиҷаҳонии мақомоти назорати конститутсионӣ, ҷаласаҳои Конфронси мақомоти назорати конститутсионӣ ва мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои Осиё бо маърўзаҳои илмӣ-амалӣ оид ба конститутсионализми Тоҷикистон, нақши Конститутсия дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуданд. Ҳамчунин кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва забономӯзӣ дар курсҳои дахлдори омӯзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Намояндагони Суди конститутсионӣ дар ин давра дар чорабиниҳои вобаста ба фаҳмондадиҳии аҳамият ва моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд, оид ба ташвиқу тарғиби масъалаҳои зикршуда дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шањри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбату вохўриҳои судманд баргузор намуданд.
Кормандони Суд дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо, радиои Тоҷикистон, Ховар баромад намуда, дар рўзномаи «Ҷумҳурият», «Инсон ва қонун», мавод ва мақолаҳо ба табъ расониданд.
Бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми панљуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бо иштироки васеи олимону мутахассисони касбӣ доир гардид. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъулияти ташкил ва баргузории зергурўҳи 1-и Барномаи Форум «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» корҳои муайянро анҷом дод. Дар кори Форум аз ҷониби баромадкунандагон зикр шуд, ки фаъолияти бомарому густурдаи Суди конститутсионӣ дар соли 2019 шаҳодати он аст, ки ин мақом дар рушди давлати ҳуқуқбунёд рўз аз рўз аҳамияти хосса пайдо карда, он дар амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ ва адолатпарвар нақши арзандаи худро касб намудааст.
Дар фарҷоми маҷлис аз натиҷаи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли 2019 қарори дахлдор қабул гардида, бобати таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суд ва ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назарраси касбӣ дар соли 2020 вазифагузорӣ карда шуд.