НАВРУЗ ДАР ИСТАРАВШАН
Бо мақсади иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврўз ва ифтитоҳи як зумра объектҳои соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, 19-22 марти соли ҷорӣ сафари кории Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д. ба шаҳри Истаравшан анҷом дода шуд.
Аз ҷониби мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан ин ҷашни пуршукўҳи умумимиллӣ бо ҳисси баланди ватандўстиву ифтихорӣ миллӣ ва шукргузории беандоза аз пойдории сулҳу суботи комил ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои идона, шодиву сурур ва дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол карда шуд.
Ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ дар кўчаву маҳаллаҳо шиору овезаҳо насб карда шуда, чорабиниҳои фарҳангиву фароѓатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар чорабиниҳо бо иштироки фаъоли аҳолии шаҳр доир гардиданд.
Санаи 20 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан чорабинии бошукўҳи фарҳангӣ баргузор гардида, дар он паёми табрикотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шаҳри Истаравшан ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврўзи Аҷам, фарорасии баҳори сарсабз ва эҳёи олами табиат қироат карда шуд.
Аз ҷумла, зимни баромад оид ба саҳми босазо ва хизматҳои беназирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба иди ҷаҳонӣ мубаддал гардонидани ҷашни фархундаи Наврўз, ки барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир дорад, инчунин дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушду нумуи давлат ва амалишавии ҳадафҳои стратегӣ андешаронӣ карда шуд.
Дар доираи чорабинии идона ҳамоиши бошукўҳи фарҳангии театрикунонидашуда ва барномаи идонаи консертии ҷолиби диққат бо иштироки ҳунармандони Хонаи фарҳанг баргузор шуда, инчунин намоиши варзишгарони шаҳр пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
Ба муносибати ҷашни Наврўзи байналмилалӣ аз номи Пешвои муаззами миллат ба дувоздаҳ нафар собиқадарони меҳнат кўмаки молиявӣ ва ба маъюби гурўҳи якум Юсупова Г. аробачаи маъюбӣ ва маводи ѓизоӣ, аз қабили орд, равѓан, макарон, шакар ва ѓайра тақдим карда шуд.
Инчунин дар партави татбиқи дастуру ҳидоятҳои инсонпарварона ва ѓамхоронаи Пешвои муаззами миллат дар ду қисми низомӣ, чор дидбонгоҳи сарҳадӣ, хонаи кўдакон, хона барои пиронсолон ва мактаб интернат дастархони идона ороста шуда, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ба онҳо маводи ѓизоӣ дастрас намуданд.
Дар кўчаву маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр ҳамчун идомаи расму оинҳои ниёгонамон ба муносибати ҷашни фархундаи Наврўз, ки чун ҷашни зебоии табиат айёми зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ ва меҳру муҳаббат аст, аз таомҳои миллӣ дастурхони наврўзи ороста шуда, мардум дар атрофи деги суманак бо рақсу латифагўиҳои идона хурсандӣ карда, ѓояҳои инсонпарваронаро ба ҳамдигар талқин намуданд.
Дар партави идомаи корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар фазои идона боз чор адад объектҳои соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, аз ҷумла як толори бошукўҳи варзишӣ, маркази саломатӣ, дорухона ва ошхонаи парҳезӣ истифода дода шуда, дар онҳо ба сокинони маҳаллӣ ҷойҳои кории доимӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон, бобати минбаъд вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аз масъулини гурўҳи корӣ оид ба корҳои ободонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ин самт ва дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани сохтмони объектҳои мухталиф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ созанд.
Дар маҷмўъ мардуми
шаҳри Истаравшан иди байналмилалии Наврўзро бо як шукуҳу шаҳомати хосса,
дар рўҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ ва ифтихори
милливу пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат истиқбол
намуданд.