Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан 19 декабри соли 2020 якҷо бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни ташкили ярмаркаҳо дар шаҳр боздид намуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид, ки он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ, инчунин ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр роҳандозӣ гардидааст.
Раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ таъкид намуданд, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои арзон дастрас намоянд.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Истаравшан аз бозор 30-40 фисад арзон маҳсулот пешкаш карда шуданд. Маҷмуъан кишоварзони шаҳр беш аз 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёда аз 20 тонна маҳсулоти ниёзи аввалияро ба харидорон пешниҳод намуданд.
Сокинони шаҳр аз ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён доштанд, ки аз иқдомҳои раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат хурсанданд ва ҳамеша пуштибонӣ сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат мебошанд.
Ҳамзамон ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дода шуданд, ки минбаъд низ чунин ярмаркаҳо ташкили карда мешаванд.