Ҷашн муборак, модарон ва бонувони азиз!
(Ҳамоиши тантанавӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Имрўз, 6 март дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникию хизматрасон бахшида ба Рўзи модар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
А.Ашурзода – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ҳусфни ифтитоҳ бахшида, занону бонувони Судро бо ин иди зебову мунаққаш табрик намуд.
Номбурда ба нақш ва ҷойгаҳи модар дар ҳаёти инсонӣ дахл карда, зикр намуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерўбахши рўҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии модарро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Модар тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳад ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед.
Мо дар симои духтарону бонувон олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем,зикр намуд А. Ашурзода.
Номбурда таъкид намуданд, ки бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз бонувони мо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ширкат варзида, дар давлатдорӣ низ фаъол мебошанд ва барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор кард, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар бонувон ва гулдухтарони Суди конститутсиониро аз самими қалб табрик гуфта, барои онҳо хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рўзгори ободу осударо орзу намуд.
Сипас К.Каримзода, Ҷ.Ҷамшедзода, Л.Абдуллозода, А.Гулзода ва дигарон занонро ба Рузи модарон табрику таҳният гуфта, онҳоро сарчашмаи барору муваффақияти инсонӣ ном бурданд.
Дар охир А. Ашурзода занонро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуда, ҷавонони Суд барои занон аз ашъори шоирони тољик шеърҳо тақдим намуданд.