Наврӯз дар шаҳри Истаравшан
Аз 20 то 22 марти соли 2021 сафари кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз, доир гардид.
Зимни сафари корӣ 21 марти соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он табрикоти Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Истаравшани бостонӣ расонида шуд.
Дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз зикр гардид, ки “Мо бояд фаромӯш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлол бирасем”.
Ҳамзамон бо ин, диққати онҳо барои фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, инчунин, дар айёми баҳор ба кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, ободу зебо ва гулзору гулистон намудани диёри маҳбубамон ҷалб карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба таљлили Иди байналмилалии Наврӯз бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ омодагии хуб дида, дар ҳудуди маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва идораву муассисаҳои ноҳия шиору овезаҳо насб намуда, бо шукӯҳу шаҳомати хосса барномаю чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ доир намуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
Инчунин, бегоҳи 21 март дар майдони Нишони далатӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагон барномаи фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки дар он сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуда, тантанаҳои наврӯзиро бо шодиву фараҳ ва раќсу бозӣ истиқбол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳамаи даҳ ҷамоати деҳот ва маҳаллахонаҳои шаҳр дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси шаҳр чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ баргузор карда шуданд.
Зимни сафар инчунин дар як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла:
– дар майдони “Парчам”-и шаҳр ҳамоиши наваскарон таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” баргузор гардид, ки дар он 108 нафар наваскарони ихтиёрии даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд;
– нимаи дуюми 21 марти бо мақсади аёдат ва таҳнияти кӯдакон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” – и шаҳр иштирок ва ба кӯдакон тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуда, баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд;
– бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” маросими ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ иштирок ва ба собиқадорон, омӯзгорони фаъол ва толибилмони болаёқат сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат дар шаҳри Истаравшан якчанд корхонаҳо, муассисаҳои таълимии замонавӣ, Марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти хурду бузургро сохта ба истифода додаанд, ки барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд.
Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.