Сафари хизматӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз 28 то 30 майи соли 2021

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар машварати кории назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 майи соли ҷорӣ дар хусуси вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси Суди конститутсионӣ аз 28 майи соли 2021, №19-СК, Раиси Суди конститут­сионӣ, роҳбари гурўҳи корӣ 28-30 майи соли 2021 ба шаҳри Истаравшан сафарҳои корӣ анҷом дода шуд.

Зимни сафари корӣ 29 майи соли ҷорӣ роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи ҳамшафати назди бозори марказии шаҳр дидан намуданд.

Ҷиҳати бартараф намудани тамбашавии автомашинаҳо ва ба тартиб даровардани роҳи мошингарди назди бозори марказии шаҳр дар кўчаи Шонатарошон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар болои сойи “Зар­ринрӯд” пули нав бунёд гардида, баъди омода шудани роҳи болозикр ҳаракати яксамтаи нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар мавриди васеъгардонӣ ва бартарафсозии баъзе иншооти қисмати роҳ, ки хиёбони Исмоили Сомониро бо кӯчаи Шонатарошон мепайвандад, тамбашавии нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳри Истаравшан аз байн бурда мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, бомаром идома дорад ва васеъкунии роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расонида мешавад.

Зимни боздид аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда ва бо сифати баланд дар мӯҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин дар доираи сафари корӣ нимаи дуюми 29 май ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров аз фаъолият ва рафти корҳои азнавсозии Муассисаи таълимии “Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан” дидан намуданд.

Зимни боздид масъулин иттилоъ доданд, ки бинои асосии муассисаи мазкур аз 2 ошёна ва 24 синфхона иборат буда, айни ҳол дар курсҳои кӯтоҳмуддат 465 нафар хонанда аз рӯи 16 ихтисос таҳсил намуда исто­даанд. Ҳамзамон дар муассиса майдончаи варзишӣ, устохонаҳои таълими меҳнат, озмоишгоҳҳои фаннӣ, гармхона, намоишгоҳ, хобгоҳ ва ошхона фаъолият намуда истодааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи рушд дар бинои асосии муассиса корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, мавриди истифода қарор додани он дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давла­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Пас аз ба истифода до­дани бинои асосии таълимӣ фарогирии 600 нафар хонанда ба таълиму касбомӯзӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, зимни сафар аз рафти корҳои сохтмонии объектҳои ҷашнӣ дидан намуда, дар толори маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо аъзои гурўҳи корӣ ва масъулин ҷиҳати таъмини сариваќтии бунёду азнав­созии иншоотҳои ҷашнӣ, риоя гардидани қоидаҳои меъморию сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ, инчунин истифодаи масолеҳи босифат ҳангоми сохтмон ва таъмири иншооти мухталиф, дар доираи талаботи ќонунгузорӣ қабул ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани иншооти супоридашаванда ва ҷоннок намудани корҳо дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон Ашурзода Абдулҳафиз ҷиҳати ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои азнавсозӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баҳри боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва натиҷагирӣ намудан аз корҳои анҷомдодашуда, аз ҷониби роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионӣ пайваста сафарҳои корӣ анҷом дода шуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.