Сафари хизматӣ ба шаҳри Истаравшани

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар машварати кории назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 майи соли ҷорӣ дар хусуси вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси Суди конститутсионӣ аз 21 майи соли 2021, №18-СК, Раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ 21-23 майи соли 2021 ба шаҳри Истаравшан сафарҳои корӣ анҷом дода шуд.

Дар доираи сафарҳои корӣ ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланди омодагӣ, бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон як қатор иншоотҳои сохтмонашон баитмомрасида ба истифода супорида шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи нақшаи корӣ вобаста ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли ҷорӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолият ва раванди таълим дар МТМУ √39 боздид ба амал оварданд.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, айни замон дар муассисаи мазкур 864 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, 60 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба аз он 44 нафар занону бонувон ба кор ҷалб карда шудаанд. Бо сабаби дар ҳолати ногувор қарор доштани ошхонаи муассиса бо дастгирии ассотсиатсияи падарону модарон аз моҳи январи соли равон корҳои азнавсозӣ дар ошхонаи муассисаи таълимӣ оғоз гардида, ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо тарҳи нав ва фарогирии 60 ҷои нишаст ба истифода дода шуд.

Зимни боздид роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо дастовардҳои илмиву ҳунарии онҳо аз наздик шинос гардиданд. Ҳамзамон фаъолон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” – и шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Абдулҳафиз, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва теъдоди зиёди сокинон, махсусан наврасону ҷавонон толори барҳавои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Толори варзишӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Юлдошев Насим дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи варзиш мебошад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷавонону наврасони ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” имкон пайдо намуданд, ки бо варзиш машғул шуда, дар як вақт мусобиқаҳои сатҳи гуногуни варзиширо доир намоянд. Айни замон 100 нафар ҳаводорони варзиш аз намуди бокс бо роҳбарии мураббии варзида Ҳакимов Нозим дар толори варзишии мазкур машқу тамринро оғоз намуданд.

Инчунин, зимни сафар аз рафти корҳои сохтмонии объектҳои ҷашнӣ дидан намуда, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо аъзои гурӯҳи корӣ ва масъулин ҷиҳати таъмини саривақтии бунёду азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ, риоя гардидани қоидаҳои меъморию сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ, инчунин истифодаи масолеҳи босифат ҳангоми сохтмон ва таъмири иншооти мухталиф, дар доираи талаботи қонунгузорӣ қабул ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани иншооти супоридашаванда ва ҷоннок намудани корҳо дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Аз ҷумла, аз фаъолият ва корҳои азнавсозии Муассисаи таълимии №15 – и шаҳр боздид ба амал оварда шуд.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, муассисаи мазкур аз 13 синфхона иборат буда, айни замон 1244 нафар хонанда дар ду баст таҳсил намуда истодаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Қатар дар бинои асосии муассиса аз моҳи апрели соли 2019 корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, мавриди истифода қарор додани он дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Бинои асосии таълимӣ аз ду ошёна ва 11 синфхона иборат буда, пас аз ба истифода додани он фарогирии 480 нафар хонанда ба таълим дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Айни замон бо ибтикори ассотсиатсияи падарону модарон ва хатм намудагони ин даргоҳ ба муассисаи мазкур масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон сохта ба истифода додани 4 синфхонаи иловагӣ пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои асосии муассиса ба нақша гирифта шудааст.

Умуман, аз ҷониби аҳолии шаҳри Истаравшан бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ бо мақсади дар сатҳи муносиб истиқбол намуданиҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону азнавсозии иншооти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва роҳу пулҳо бомаром идома доранд.

Баҳри боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва натиҷагирӣ намудан аз корҳои анҷомдодашуда, аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионӣ пайваста сафарҳои корӣ анҷом дода шуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Yandex.Metrica