Иштироки Раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021
10 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси васеи фаъолони шаҳр оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 доир гардид.
Дар маҷлис Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст муовини Раиси шаҳр Ёқуб Солизода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳисобот дод. Дар баррасӣ ва музокираи масъала муовини раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, нозироти андоз ва дигар масъулин баромад карданд.
Сипас, вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, аз баромадкунандагон ва масъулони соҳаҳои дахлдор пурсида шуданд. Зимни баррасии масъала раисони ҷамоатҳои деҳоти “Гули сурх”, “Зарҳалол”, “Қалачаи калон”, “Сабристон” ва дигар ҷамоатҳо низ баромад карда, оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии деҳоти зикршуда гузориш доданд.
Аз ҷумла, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз дар назди ҳозирин баромад карда, роҷеъ ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд.
Дар идома қабл аз ҷамъбасти кори ҷаласа мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳр муаррифӣ карда шуд. Дар асоси фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазохон Назира ба ин вазифа таъин гардид.
Дар ҷамъбасти маҷлис, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои дахлдор дар нимсолаи дуюми соли 2021 назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омодагии ҷиддӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ нигаронида шуда, ҳамзамон вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдошт, татбиқи муроҷиатномаи раиси шаҳр оид ба ташкили ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагии муҳити зист, дарёфти манбаъҳои иловагии андоз, рушди соҳаи саноат, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмири роҳҳо, омоданамоии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, самаранок истифода кардани замин ва тақвияти кишти такрорӣ, захира намудани маҳсулоти хурока ва дигар масъалаҳо супоришҳо дода шуд.