Ҳамоиш оид ба паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”
Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он ҳамоиш доир ба омӯзиши нуктаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21 декабри соли 2021 баргузор гардид.
Маҷлисро муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К. ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки њамасола онро зиёиёну хизматчиёни давлатї, табақаҳо ва намояндагони касбу кори гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашанд, доир гардид.
Чунин таваҷҷӯњ ба паёми роҳбари давлат бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз аҳамияти хоса касб намудани паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию ичтимоӣ ва фарњангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар он ифодакунандаи нуқтаи назари роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди самтҳои стратегии давлат дар ояндаи наздику дур арзёбӣ мегардад.
Паём бо диди масъалаҳо, таҳлил ва тартиби гузориш, таҳлилу пешгўиҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, барнома ё дурнамои мукаммали фаъолияти давлатро дар давраи кутоҳмуддат ва оянда мемонад ва он бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, азму талош барои муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди афзалиятҳо пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин, паём дар соли ҷашнгирии чорабинии муњими сиёсию давлатӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки он новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи ташаккули давлати миллӣ, халқ ва миллати тоҷик, фарҳанги давлатдорӣ, фарҳанги сиёсӣ, ташакули сифатан нави андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ нақши мондагори худро боқӣ гузошт.
Аз ин рӯ, табиист, ки паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бори нахуст дар он ифшо мегардад, аз маркази диққати аҳолии мамлакат дур буда наметавонад.
Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар маърӯзаҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳанд ва роҳбари давлат нисбати он бо як эҳтироми хоса ва беандоза ҳарф мезанад ва нақши онро пайваста дар таърихи навини давлатдориамон ва бунёди давлати миллӣ ва дастовардҳои халқу миллатамон таъкид менамояд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин бори дигар аз садоқати Пешвои миллат ба ин санади тақдирсози давлат ва миллат гувоҳӣ дода, эҳтиром ва арҷгузории роҳбари давлат ба Конститутсия барои роҳбарону шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарди мамлакат намунаи ибрат ба шумор меравад.
Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат дар паёми худ перомуни файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Дар ин давра мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ бартараф гардида, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ бунёд гардид.
Ҷамшедзода Ҷ.Н. судяи Суди конститутсионӣ паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки Пешвои миллат дар паём нақши бонувону занонро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ намуда, хотирнишон сохтанд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳатто дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар софдилонаву содиқона ва мардонавор хизмат кардани занону бонувони матиниродаи тоҷикро махсус зикр намуданд.
Мазмуну муҳтавои паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар, ки бањри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ҳифзи суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ, рушди муназзами соњањои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, амалишавии бомароми ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои байналмилалии кишвар, фаҳмонда шуд.
Дар хусуси рушди муназзами соњаи иқтисодии мамлакат ва афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ибрози андеша карда шуда, қайд гардид, ки рушди соҳаи иқтисодии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Баъдан, судя Қувватзода Ф.Ҷ. доир ба паҳлуҳои рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ сухан карда, корҳои дар ин самт дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ба анҷомрасида, ки аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, таъкид намуд.
Қайд карда шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар 30 соли Иистиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз бахшҳои муҳим мебошад. Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ назаррас арёбӣ гардида, онҳо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегиранд ва барои некӯаҳволии халқи Тоҷикистон шароити заруриро фароҳам оварда истодаанд.