ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 19–21-уми майи соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Назорати конститутсионӣ ва мушкилоти глобалии замони муосир» баргузор гардид.

Дар конференсияи байналмилалии мазкур судяи Суди конститутсионӣ – Идрисзода Балаҷон Алиҷон ва мутахассиси Суди конститутсионӣ – Бобоев Фируз Абдунасимович иштирок намуданд. Судяи Суди конститутсионӣ – Идрисзода Балаҷон Алиҷон дар мавзуи “Баъзе аз масъалаҳои мубрами ислоҳоти конститутсионӣ ва назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар ҷумҳурӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон, натиҷаҳое, ки дар конференсияи байналмилалии мазкур рӯйи кор омад, бо назардошти таҷрибаи мавҷуда, таҳаввулот ва падидаҳои нави ҷомеаи муосир, аз ҷумла, омилҳои навини назорати конститутсионӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба номутобиқатии санадҳо равона гардида буд.