МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Иди Наврӯзи байналмилалӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда,судяҳо ва кормандонро бо фарорасии Наврузи Аҷам, ҷашни ниёгон самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
Раиси Суди конститутсионї иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти умумибашарии ин ҷашни бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ ба инобат гирифта бо Қатъномаи худ онро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз, ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд.
Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд.
Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: “Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат менамояд”.
Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, бахусус дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбанд, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. ва Абдураҳимзода Д.Р. оид ба таърих ва суннатҳои Наврузи ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро табрику таҳният намуданд.