ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ СУДИ КОНСТИТУТИСОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
25 то 28 апрели соли 2022 ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ Вализода Ш.О. дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар симпозиуми байналмилалӣ дар мавзўи «Тафсири конститутсия дар иртибот ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон» бахшида ба 60 – умин солгарди таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия, иштирок ва дар мавзўи «Нақши Суди конститутсионӣ дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ» баромад намуд.
Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Индонезия, Ўзбекистон, Шоҳигарии Таиланд, Филиппин, Муғулистон, Кореяи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Комиссияи Венетсияи Шўрои Аврупо, намояндагони ҳокимияти судии Туркия, олимони соҳаи ҳуқуқ ва дигарон иштирок намуданд.
Кори симпозиум бо иштирок ва сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Туркия оғоз гардид.
Зимни суханрониҳо мавзўҳои мухталифи марбут ба конститутсионализм, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, нақши адолати судии конститутсионӣ дар амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, таҷрибаи назорати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф ва дигар мавзўҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.
Чорабинии байналмилалӣ умуман дар сатҳи омодагии хуб доир гардида, барои муаррифӣ намудани таҷрибаи назорати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи муҳимми демократӣ, инчунин рушди муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароњам меорад.