ОМӮЗИШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Дар толори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик лексия- суҳбат дар доираи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” роҳандозӣ гардид. Дарси омӯзишӣ аз тарафи таърихшинос, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин баргузор шуд.
Таърихшинос Ализода Б. қайд намуданд, ки шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дорад.
Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ, аз зумраи абармардони бо нангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навишани шоҳасри гаронбаҳо-«Тоҷикон» миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ менамояд. Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад, ва зуд шуҳрат ёфт. Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров барои таълифи китоби «Тоҷикон», ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, заҳматҳои зиёд кашидааст.
Аллома Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш-«Тоҷикон» буд. Дар муддути 30 соли кори эҷодии худ Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се марортиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. Китоби «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва гунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст.
Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Шоҳасари гаронмояи халқи тоҷик-«Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат мебошад.
Муҳаққиқон таъкид месозанд, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб шудааст, вале бо вуҷуди он, асар бевосита ба тариқи оммафаҳм нигошта шудааст ва шахси андак босавод, онро мутолиа намуда, аз он пурра баҳраманд шуда метавонад.
«Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқрор намудан пайваста мубориза бурдааст.
Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Ин асар бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Маскав нашр шуда, мутаассифона, теъдоди ками он ба Тоҷикистон расид. Вале, дӯконҳои китобфурӯшӣ ин китобро «зери остин» фурӯхтанд.
Дар даврони Шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони «Тоҷикон» кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи «Тоҷикон»-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесбаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон нашри «Тоҷикон»-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, бар ҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид медорад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Ин иқдоми наҷибу башардустона ва ояндабини Роҳбари давлат бори дигар аз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва фарзандони некноми миллат дарак медиҳад.
Дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷиконро зарур аст, ки аз таърихи пурифтихори халқамон огоҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гардидааст.