ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶАМЪИЯТИ ОЛМОНИИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз дар Суди конститутсионӣ бо намояндагони Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ (GIZ) вохурӣ баргузор гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» аз соли 2009 бо  Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ (GIZ) ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти байналмилалии мазкур ҷиҳати табодули таҷриба  ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ якчанд конференсияву семинарҳо ва  мизи мудаввари сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ  баргузор гардидаанд.

Ҳамзамон, роҳбари Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» Йорг Пуделка ва роҳбари баронмаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фолкер Штампе ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Раис ва намояндагони Суди конститутсионӣ вохурӣ гузаронида, ба Суди конститутсионӣ барои баргузории конфронс ва вохуриҳо ба тариқи маҷозӣ (онлайн) таҷҳизотҳои замонавиро  тақдим намуданд.

Дар доираи вохурӣ  истифодаи амалии таҷҳизот намоиш дода, бо сохторҳои дохилӣ ва намояндагони Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ конференсия роҳандозӣ гардид  ва суҳбати судманд анҷом дода шуд.