Иди байналмилалии Наврӯз

Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш­тироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Иди байналмилалии Наврӯз маҷлиси тан­танавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, кормандон ва дар шахсиятатон наздикону пайвандонатонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамагон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони истиқлоли давлатӣ Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави аҷдодиамонро бо хушнудиву шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.

Вобаста ба ин, дар бораи моҳияти ин ҷашни бузург Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки «ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад».

Нақши Наврӯз дар эҳёи хотираи таърихӣ ва ташаккули худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик  хеле бузург буда, мақоми ҳувиятсози онро дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ таҷассум намудааст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик миллати куҳанбунёду тамаддунофар мањсуб гардида, аз гузаштаи дури таърих то ба имрӯз дар ташаккули арзишҳои моддию маънавии башарият наќши муассир дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки таљлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо – тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ашурзода А.А. зикр кард, ки бояд бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид гардида, бо ҳисси баланди миллию ватандўстӣ дар рушди устувори ватани аҷдодиямон саҳми арзанда гузорем. Дар заминаи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат  фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ тарбия карда, кишвари азизамонро боз ҳам ободу зебо намоем.

Дар охир бори дигар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандон ва ҳамватанонро табрик намуда, таманнои тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Баъдан муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ баромад намуда, оид ба таърихи ин иди байналмилалӣ баромад намуда ҳамагонро табрик намуда, кормандони дастгоҳи Суд дар васфи Наврӯз ва баҳор шеърҳо қироат намуданд.

Yandex.Metrica