ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ
24 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суд ва дигар кормандони он ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳои худ рамзҳои гуногунро эҷоду истифода намудааст. Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ маълум менамояд, ки дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорӣ мешавад. Бо тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлати неруманд ва Ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол мешаванд.
Прчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2022 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо ҳамин хотир, минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли ояндасози миллат маҳсуб меёбад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосӣ муқаддасоти миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Парчами миллӣ симои миллии ҳар як давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Дар хотимаи суханронӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ашурзода қайд намуд, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.
Ҳамзамон, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Каримзода К.М. дар мавзӯи “Парчами давлатии мо рамзи озодӣ ва саодати абадист” баромад намуда, оид ба пайдоиши Парчам дар таърихи миллати тоҷик аз даврони Сосониён ва Каёниён то ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён маълумоти муфассалу пурмуҳтаво манзур намуд.
Ҳамчунин, сармутахассис оид ба кор бо кадрҳо дар Суди конститутсионӣ – Бадалова С. дар мавзӯи “Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон” баромад намуд.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ дар васфи Парчам ва Ватан шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни маҷлиси тантанавиро бори дигар ба ин ҷашни муборак табрику таҳният намуда, ба он ҳусни хотима бахшид.