Иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Женева
Рӯзҳои 3-5 апрели соли 2023 Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар шаҳри Женева Ҳамоиши (Колоквиуми) судӣ дар мавзӯи “Ҳимояи судии ҳуқуқи инсон ва манфиатҳои оммавӣ аз ифлосшавии муҳити зист бо моддаҳои химиявӣ ва партовҳо” баргузор кард.
Дар ҳамоиши байналмилалии мазкур судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа иштирок ва баромад карданд.
Зимни баромадаш Қувватзода Ф.Ҷ., омилҳои дигаргуншавии иқлим ва пешниҳодҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлимро қайд намуда, изҳор кард, ки то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ 9- пешниҳоди муфиди Пешвои тоҷикони ҷаҳонро дар масъалаҳои обу иқлим қабул намуданд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2001 аъзои Конвенсяи Орхус буда, қонунгузорӣ дар самти экология ва муҳити зист ба талаботи Конвенсияи мазкур ҷавобгуй мебошад.