ИШТИРОКИ СУДЯҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ВА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Судяҳои Суди конститутсионӣ Қувватзода Фотеҳ ва Идрисзода Балаҷон аз 11 то 13 майи соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Конститутсия ва назорати конститутсионӣ: таҳкими назария ва такмили амалия”, ҳамчунин 11-умин Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург иштирок намуданд.

       Дар кори ин ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Федератсияи Россия доир гардид, муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Д.А. Медведев, Раиси Суди конститутсионии Федератсияи Россия В.Д. Зорькин, Вазири адлияи Федератсияи Россия Чуйченко К.А., намояндагони мақомоти назорати конститутсионӣ ва судҳои салоҳияти умумии давлатҳои ИДМ, Ҳиндустон, Миянма, Туркия, Африқо, Эфиопиё, ташкилотҳои байналмилаливу байнидавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии минтақавию маҳаллӣ, инчунин намояндагони ВАО-и Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конференсия ва Форуми мазкур  дар сатҳи хуби омодагӣ доир гардида, дар он мавзӯҳои мухталифи марбут ба салоҳияти судҳо ва дигар мақомоти назорати конститутсионӣ, волоияти ҳуқуқ, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини суботи конститутсионӣ дар мамлакат, воситаҳои муосири таҳкими ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар мавзӯҳои мубрам роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар Конференсия судяи Суди конститутсионӣ Қувватзода Ф. дар мавзуи “Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти Конститутсия” баромад намуд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, барои муаррифӣ намудани таҷрибаи назорати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии мақомоти назорати конститутсионӣ  заминаи мусоид фароҳам овард.  

Yandex.Metrica