БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ

10 июли соли 2023 соати 15:оо кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо фарзандони худ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки  дар бинои таълимии факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ аст, боздид ба амал оварданд.

Осорхонаи Пешвои миллат аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чун арзи сипос ба хизматҳои арзанда ва шоёни Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хатмкардаи  факултети иқтисодиёти ҳамин  боргоҳи илму маърифат (1977 – 1982) ташкил карда шудааст. Осорхонаи мазкур аз утоқи пазироӣ ва 2 толор иборат мебошад: Толори якум “Таҳсил” ва Толори дуввум “Истиқлол” номгузорӣ шудааст.

Дар толори “Таҳсил” кормандони Суди конститусионӣ бо ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд. Нигораҳо ҷолибу дидани буда, кормандонро ба даврони солҳои 70 – 80 -уми асри ХХ даврони донишҷӯи Эмомалӣ Раҳмон шинос намуданд.

Дар он ҷо акси  собиқ донишҷӯи ин факултет Эмомалӣ Раҳмон баъд аз супоридани имтиҳони давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар нигораҳо маҳфузанд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносии кормандон, бахусус ҷавонони дастгоҳи Суд нақши созанда дорад. Зеро коллективи кормандони Дасгоҳи Суди конститутсионӣ бо як руҳи болида аз  Осорхонаи мазкур дидан карда, аз овони ҷавонӣ ва даврони донишҷӯии Сарвари  муаззами хеш аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Чунин рӯзҳои фарҳангӣ дар Суди конститутсионӣ дар оянда низ ташкил гардида, кормандон боз бо дигар ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии ватанамон, ки аз осору тамаддун, давлатдорӣ ва тарзи зиндагии гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд, дидан менамоянд.