8- уми январ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамоиш доир гардид.
Дар кори ҳамоиш судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро Ашурзода А.А. – Раиси Суди конститутсионӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки дар Паёми навбатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ҳолат ва дурнамои вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Бинобар ин, сол 2024 барои мо кормандони Суд дар самти тарғибу ташвиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” соли махсус ва масъулиятнок ба ҳисоб меравад.
Баъдан, Каримзода К.М.- муовини Раис дар бораи аҳмияти таърихию сиёсии паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ- ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат суханронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки паём бо диди масъала ва проблемаҳо, таҳлили муқоисавӣ ва масъалагузориҳо бо моҳияти худ як навъ ҳисоботи роҳбари давлат дар назди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Он бо таҳлилҳои мушаххас ва пешгӯиҳо рушди иқтисодию ичтимоии мамлакат ҳуҷҷҷати мукамали илмию амалиро мемонад.
Баъдан, Нурляминзода Г. А. ва Бобоева Ш. дар бораи сохтор ва факту рақамҳои иқтисодиёти миллӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занон ва ҷавонон суханронӣ намуда, дар кушодашавии мазмуну мундариҷаи паём андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.
Дар бунёди иншооти муҳими аср- неругоҳи барқи обии “ Роғун” 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истоданд.
Бо ҳамин, дар назди судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ва соли маърифти ҳуқуқӣ вазифаҳои дахлдор гузошта шуд.