ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Имрӯз (24-уми ноябри соли 2026) бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантавӣ баргузор гардид.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Абдураҳимзода Дилором Рустам вобаста бо моҳият ва асосҳои таҷлили ин сана суханронӣ намуда, дар такя ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, нисбати Парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».

Мутобиқи барномаи тасдиқгардидаи ҷаласа, бо тартиб маърӯзаҳои зерин шунида шуданд:

  1. Идрисзода Балаҷон Алиҷон – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Парчам – рамзи истиқлолият ва мояи ифтихори миллӣ»;
  2. Тоҷидинзода Маҳмароиб Абдулвоҳид – мудири бахши табъу нашр ва иттилоотонии фаъолияти судии Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва мақоми ҳуқуқии он»;
  3. Юсупов Мирзоҳаким Ҳамзаалиевич – мутахассиси пешбари бахши инноватсия ва рақамикунонии фаъолияти судии Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Парчами давлатӣ рамзи ифтихор, истиқлол ва ҳастии миллат»;
  4. Таварзода Амин Мирзоалӣ – нозир-коргузори шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Арзишҳои конститутсионӣ дар оинаи Парчами давлатӣ».

Пас аз шунидани маърӯзаҳо, дар қисмати музокира бошад судяи Суди конститутсионӣ – Қувватзода Ф.Ҷ. қайд намуданд, ки қабули гардидани Парчами давлатӣ ба баргузоршавии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар рост меояд. Парчам ин танҳо як матоъ набуда, дар он ҳазорон ормонҳои миллати тоҷик инъикоси худро ёфтааст.

Ҳамзамон, мутахассиси пешбари бахши табъу нашр ва иттилоотонии фаъолияти судӣ – Саъдуллозода С.С. дар хусуси арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ андешаҳои баён намуданд

Дар фарҷом қайд гардид, ки таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори дигар ҷашнҳо аз аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии он далолат намуда, эҳтиром ба он натанҳо як рамзи миллӣ аст, балки эҳтиром ба саргузашти давлату миллат, истиқлол ва фардои дурахшони кишвар аст.

Ҳамин тавр, ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшида эълон карда шуд.