СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА РАҚАМИКУНОНИИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
13 майи соли ҷорӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи банди 16 протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2021, № 10 ва нақша чорабиниҳои Кумита семинар-машварат оид ба муқаррароти қонунгузории андоз ва рақамикунонии мақомоти андоз баргузор гардид.
Дар семинар-машварат муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Н. ва муовини сардори раёсати такмили қонунгузории андоз Назирзода Н. бо маърӯза баромад намуданд.
Маликзода Н. муовини Раиси Кумитаи андози наздти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2021 қабул гардида аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд. Лоиҳаи нави кодекси андоз бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар пешниҳод гардидааст.
Кодекси мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва содаву оммафаҳм намудани муқаррароти он таҳия карда шудааст.
Дар Кодекси нав теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
Меъёри андоз аз даромад аз 13 ба 12 дарсад кам карда шуда, ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз ва барои суғурта шавандагони муассисаҳои буҷетӣ 25 фоиз пешбинӣ шудааст.
Меъёри андози аксизӣ дар Тоҷикистон то ду фоиз зиёд карда шуд. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда(НДС) аз 18 то 15 дарсад кам шудааст. Низомҳо махсуси андозбандӣ аз 10 дарсад то ба 8 дар сад кам карда шудааст.
Меъёрии стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 – 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
Кодекси мазкур аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат мебошад. Дар он ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Назирзода Н. муовини сардори раёсати такмили қонунгузории андоз зикр намуд, ки тадбирҳои андешидашуда дар самти васеъ намудани истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва дар ин замина тақвияти раванди рақамикунонии соҳа барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкон доданд, ки иҷрои нишондиҳандаи қисми даромади буҷети давлатӣ соли 2023 ва дар чор моҳи соли 2024 барзиёд таъмин гардад. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи он мебошанд, ки сиёсати андозу буҷет дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дуруст муайян гардидааст.
Зикр гардид, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, бо сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста тадбир меандешад».
Гуфта шуд, ки Кумитаи андоз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. То имрӯз Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон беш аз 40 намуд хизматрасонии электронӣ пешниҳод намудааст.
Дар охир семинар саволу ҷавоб доир гардид.