Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 ба номи “Табассум” дар шаҳри Истаравшан
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.
Муассисаи томактабии “Табассум” ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа ба тариқи ҳашар сохта шуда, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 22 нафар мураббияҳои ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забони давлатӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятгузаронӣ ва истироҳатии тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ба дунёи рангини кӯдакон мувофиқ оро дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони муассисаи томактабӣ туҳфаҳо тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ карданд.
Иқдоми дастҷамъонаи сокинони ташаббускори деҳа ҷиҳати бунёди боғчаи бачагон, ки барои фардои босаодати насли ояндасоз муҳим мебошад, намунаи ибрат номида шуд. Зеро қаблан дар деҳаи Равғангарон муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба шаҳр ва деҳоти дигари Истаравшан мебурданд. Бо қомат афрохтани бинои кӯдакистон ин мушкили чандсолаи сокинони деҳа бартараф гардид.
Дар ҳудуди муассисаи навбунёди тоҳсилоти томактабӣ суҳбаткадаҳо, майдончаҳои бозӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, барои фароғату истироҳати хуши тарбиятгиранагон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Тибқи иттилои масъулон ҳоло дар ҳудуди шаҳри бостонии Итаравшан 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз як ҳазору 900 нафар тарбиятгиранда мавҷуд аст, ки аз ин шумора 6 адад кӯдакистони хусусӣ мебошад. Инчунин барои омодагӣ ба мактаб 1 ҳазору 280 нафар кӯдак ба марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб мегарда