Соли маърифати ҳуқуқӣ гувоҳи қадамҳои устувори миллати тоҷик
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд муҳим буда, он боэътимодтарин омили ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Дар моддаи 1 Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. меъёрҳои Конститутсия таҷассумгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошанд.
Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори (меъёри) муқаррарнамуддаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст.
Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ собит менамояд, ки соли 2024 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои зерин «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст:
- Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ;
- Тарғиби арзишҳои демократӣ;
3.Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он;
- Боз ҳам баланд бардоштани мақоми қонун;
- Тарбияи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва бартараф намудани инкори он;
- Таъмини волоияти қонун;
- Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ;
- Оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- Ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Қобили зикри хос аст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам аст.
Пеш аз ҳама донистани қонунҳо ва риояи онҳо, татбиқи қонунҳо, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, дастгирӣ кардани тартиботи ҳуқуқӣ, мусоидат намудан оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо танҳо дониши хуб ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад пеши роҳи паҳншавии радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бояд соати фанҳои ҷомеашиносӣ, этика, эстетика, мантиқ, фалсафа, зиёд карда шаванд, ки метавонад боиси ташаккули ҳуқуқӣ ва мафкураи солими ҷавонон гардад. Омӯзиши ҳаматарафи фанҳои мазкур, инчунин баҳри боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо заминаи хуберо фароҳам меорад ва тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Мо имрӯзҳо,ки дар арафаи сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем.
Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Заррина Шоназарова
ёрдамчи судияи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон