Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 –юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 –юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Суд маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаварро бо сухани ифтитоҳӣ Каримзода К.М. –муовини Раиси Суди конститутсионӣ ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо ва наздиконашон рӯзгори хушу хонаи обод, сарсабзӣ ва фаъолияти ободкориву созандагӣ таманно намуд.
Мавсуф зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи бузургтарин идҳои миллии мо, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, нақши он дар расидан ба ормонҳои миллии халқамон дар роҳи бунёди давлати миллии Тоҷикон ва 30 соли дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат беназир мебошад.
Дар саромади нахустин Конститутсияи мамлакат, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, матни он саршор аз арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ иборат мебошад.
Бо шаҳомату мазмуну мундариҷаи баланд дар Конститутсия пеш аз ҳама мақсади халқи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ичтимоӣ эълон гардида, асосҳои бунёдӣ ва фундаменталии сохтори конститутсионӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳон он, фаъолияти мақомоти олии мамлакат мавриди танзим қарор гирифтанд.
Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимият, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эълон гардид.
Ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун марзи давлатии таърихан ба халқ ва миллати тоҷик тааллуқдошта ва дар ин сарзамин ташаккул ёфтани таърих, фарҳанг, қисмат ва сарнавишти он тақсимнашаванда ва дахлнопазир эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи конститутсионии давлат муқаррар гардид.
Эълон карда шуд, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳаракат ва гурӯҳе, аз ҷумла мафкураи динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад.
Таҷзияи ҳокимият, заминаи сиёсати хориҷии ба манфиати миллӣ нигаронидашуда ва гуногунии тамоми шаклҳои моликият муайян ва пазируфта шуданд.
Дар маҷлиси тантанавӣ маърӯзаи судя Абдураҳимзода Д.Р., Идрисзода Б.А., Холиқзода Ш.С., Сангзода Г.Р. ва Сангов Т. дар хусуси нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократӣ, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон: таърих ва қабули конститутсия; конситутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва нақши он дар ҷомеаи навин; ва заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии қабули Конститутсия ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ шунида шуданд.
Дар фарҷоми маљлис, бахшида ба ин ҷашни бузург, кормандони фаъоли Суди конститутсионӣ бо „Ифтихорнома“-и Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуда, ҳозиринро бори дигар ба 30– юмин солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти касбияшон комёбиҳои беназирро таманно намуд.