БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Имрӯз санаи 22 ноябри соли 2024 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз Абду ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 24 ноябр дар саросари кишвари мо Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ва он чун рукни асосии муқаддасоти миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Парчами миллӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу кишвар маҳсуб меёбад.
Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва ишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ин тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлатӣ неруманд ва ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол мешаванд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ба ҳамин хотир, минбаъд ҳамасола дар кишвар 24- ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва тарбия кардани насли наврас мебошад.
Дар хотимаи суханрониаш А. Ашурзода қайд намуданд, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ва Идрисзода Балаҷон Алиҷон баромад намуда, оид ба Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, котиби маҷлиси Таварзода Амин дар мавзуи “Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ” баромад намуд.
Маҷлиси тантанивиро Раиси Суди конститутсионӣ бо садо додани суруди миллӣ хотима бахшида, ҳамагонро бори дигар ба ин ҷашини фархунда табрик намуд.