Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 3 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди конститутсионӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрик намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки: “Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, пайваста дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Чун дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегуям.
Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз шаш ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.
Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид менамоянд: “Мардуми кишвар, бахусус, навравсону ҷавонон – ворисони мероси бузурги забонӣ, илмӣ ва фарҳангиву маънавии халқамон як нуқтаи бисёр муҳим ва далели нодири таърихиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд: осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар як тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад.”
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ , ки ҳастии миллат ва бақои давлати мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад! Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед! ”
![]() |
![]() |
Муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд низ, баромад намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.


