|
Санаи 20 апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тибки Нақшаи чорабиниҳон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз ҷониби судяи Суди конститутсионн Ҷумҳурии Точикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон, ёрдамчии судяи Суди констнтутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангзода Гулизор Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимию томактабӣ, фарҳангӣ, сартабибонн муассисаҳои тандурустӣ. гирандагони стипендияи Президенти ва раиси шахр, инчунин, ходимони дин иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокчиён 300 нафарро ташкил дода, дар фарҷоми вохӯрӣ музокира ва саволу ҷавоб доир гардид, ки иштирокчиён аз ин вохӯри изҳори қаноатмандӣ намуданд. |
