БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНВӢ БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Имрӯз санаи 5 ноябри соли 2025 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Констититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Дар оғози маҷлиси тантанавӣ Суруди миллӣ садо дод.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. А. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки чун мо дар арафаи таҷлили 31 – умин солгарди қабули санади сарнавиштсози давлат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорем, ба ин муносибат ҳар яки Шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон хушбахтиву осоиш ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва пешравиҳои беҳамторо таманно менамоям.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститутсияи кишвар саҳми бузург доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд муҳим маънидод намуда, қайд намуданд, ки “баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим доровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард”.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро танзим менамоянд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор ёфтанд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад.
Итминони комил дорем, ки Конститутсия ҳазорсолаҳо барои давлату миллати мо хизмат намуда, ҳамчун заминаи устувори кафили пойдории давлати адолатпарвару иҷтимоии мо хоҳад монд.

Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Идрисзода Балаҷон, Соҳибзода Муҳаммад ва кормандони дастгоҳи Суд, Сангов Тоҷиддин ва Сангзода Гулизор доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсия баромадҳо намуданд.
Дар фарҷом Раиси Суди конститутсионӣ бори дигар ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда ва таърихӣ табрик намуда, ба ҳозирин саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.
