ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ РОҲБАРИ ГУРУҲИ КОРӢ, РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР
14 феврали соли 2026 дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Роҳбари гуруҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ва раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ баргузор гардид.
Имруз сокинони шаҳру деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин гардидан бо манзили истиқоматӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмири он, эътирофи ҳуқуқи моликият, таъмин шудан бо барқ ва оби нӯшокӣ, мусоидат ҷиҳати ворид намудан ба руйхати гирандагони кумаки унвонии иҷтимоӣ ва расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон Роҳбари гуруҳи корӣ муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
