БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР – 8 МАРТ

6 марти соли 2026 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар оғози маҷлиси тантанавӣ Суруди миллӣ зинда садо дод.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати занон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегардад.

Иброз гардид, ки воқеан модарону бонувони тоҷик дар тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ саҳми арзишманд дошта, посдоранда ва тарғибгари арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошанд.

Бо арҷгузорӣ ба шахсияти модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Ман аз оғози фаъолиятам занону бонувонро ҳамчун пуштибони худ эҳсос мекунам ва ба нерую қувваи тавоно, созанда ва хастагинопазири онҳо эътимоди бузург дорам».

Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Қувватзода Фотеҳ ва Соҳибзода Муҳаммадҷон доир ба нақш ва аҳаммияти Рӯзи Модар – 8 март маърӯза намуданд.

Дар фарҷом Раиси Суди конститутсионӣ бори дигар ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ саломатӣ ва саодати рӯзгор таманно намуданд.