ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз (16-уми ноябри соли 2026) бо мақсади арҷгузорӣ хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи тантавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд. Нахуст, ҷаласаро Раиси Суди конститутсионӣ – муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз Абду кушода эълон намуда, баъдан Суруди миллӣ садо дод.
Дар сухани ифтитоҳии худ Ашурзода А.А. иброз намуданд, ки: «Имрӯз бо эҳтиром аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳбарӣ ба раванди барқарорсозии давлат ва истиқрори сулҳ ёд мекунем. Ҳамзамон, саҳми ҳамаи онҳоеро қадр менамоем, ки дар музокирот, бозгардондани гурезаҳо ва барқарор кардани зиндагии осоишта заҳмат кашиданд. Пос доштани хотираи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ низ ҷузъи эҳтиром ба таърихи миллат ва масъулияти мо дар назди наслҳои оянда аст».
Мутобиқи барномаи тасдиқгардидаи ҷаласа, бо тартиб маърӯзаҳои зерин шунида шуданд:
- Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа – судяи Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва таъмини ояндаи устувори кишвар»;
- Нурляминзода Гулнора Абдулямин – сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Президент – рамзи Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон»;
- Саъдуллозода Садам Суҷоатулло – мутахассиси пешбари бахши табъу нашр ва иттилоотонии фаъолияти судҳои Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Таҷлили “Рӯзи Президент” – ифодагари эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ».
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, дар қисмати музокира бошад муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Абдураҳимзода Д.Р. ва Идрисзода Б.А. аз хизматҳои таърихиву мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навин ёдоварӣ намуда, саҳми онро дар барқарорсозии сохтори конститутсионӣ, сулҳу субот, таъмини якпорчагии кишвар, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом қайд гардид, ки баргузории «Рӯзи Президент» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд, заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст.
Ҳамин тавр, ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ пӯшида эълон карда шуд.
