Зимни сафари корӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз 5 декабри соли 2020 (рӯзи шанбе) муроҷиатҳои сокинони шаҳри Истаравшанро якҷо бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода қабул ва баррасӣ намуданд.
Аз ҷониби Раиси Суди конститутсионӣ зикр гардид, ки баррасии холисона ва саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, махсусан аз ҷониби роҳбарони аввали сохторҳои давлатӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамзамон, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати пурра, ҳаматарафа, холисона ва саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳо дастурҳои мушаххас доданд.