МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
5 апрели соли ҷорӣ тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ашурзода дар маъракаи ниҳолшинонии ҷамоатњои шаҳр ширкат варзиданд.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пошкент, дар хоҷагии деҳқонии «Бобо Ашурбой» дар қисми барқароршавии боғ иштирок карда, ниҳолҳои себ шинонданд.
Дар назди муассисаи таълимии деҳаи «Оби зулол»-и Ҷамоати деҳоти Нофароҷ, дар майдони 0,5 гектар замин боғи себзори нав ва 3,5 гектар боғи куҳна аз нав барқарор гардид. Инчунин, дар атрофи боғи мазкур ниҳолҳои сафедор, ки дар боду ҳавои ин мавзеъ мутобиқ аст, шинонда шуданд.
Ҳамзамон, дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Истаравшан аз ҷониби сокинони деҳоти Нофароҷ, Чорбоғ ва Зарҳалол ниҳолҳои арча шинонида шуданд.