ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷ.Н., сардори шуъбаи корҳои умумӣ ва хизмати давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ Ғоибов П. ва сармутахассиси шуъбаи мазкур Усмонова М. бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кушониёну Абдураҳмони Ҷомӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ намояндагони Суди конститутсионӣ якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кушониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, коллективҳои меҳнатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ суҳбату мулоқотҳои судмандро дар доираи нуктаҳои асосии паём ва қонунҳои миллӣ анҷом дода шуд.
Ҷамшедзода Ҷ.– судяи Суди конститутсионӣ қайд карданд, ки «Сарвари давлат дар Паём оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр сохтанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».
Судяи Суди конститутсионӣ ҳамчунин дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат- роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ» иброз дошт, ки дар Паём ба якчанд масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, ҷори намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар баробари ин, намояндагони Суди конститутсионӣ ба иштирокчиён доир ба меъёрҳои Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро оид ба тартиби муроҷиат намудан ба Суди конститутсионӣ шарҳ доданд.