Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Cанаи 4 октябри соли равон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Ашурзода А. – Раиси Суди конститутсионӣ, Каримзода К. – муовини Раис, судяҳои Суди конститутсионӣ ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Ашурзода А. -Раиси Суди конститутсионӣ тибқи барномаи ҷаласа сухани ифтитоҳиро оғоз намуда оид ба рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забон маълумот дода, ҳозиринро баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани забон даъват намуданд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳо истифода мешавад ва омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Ҳамаи коргузорӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ бо забони давлатӣ баргузор мегарданд.
Дар ҷаласи мазкур Абдураҳимзода Д.Р. – судяи Суди конститутсионӣ, Бобоева Ш. – ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ ва Таварзода А. – котиби маҷлиси судӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, аз нақши забони тоҷикӣ дар зинда нигоҳ доштани таърихи миллат, баланд бардоштани номи тоҷикон ва мавқеи устувори он ёдовар шуданд ва аз ашъори шоирон шеърҳоро қироат намуданд.
Дар охири ҷаласа Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода А. бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварданд “Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст . Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”, бо ҳамин ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшиданд.