81-умин солгарди Иди ғалаба

Дар толори Суди конститутсионӣ ба муносибати 81-умин солгарди Иди ғалаба – пирӯзи бар фашизм, ки ҳамасола санаи 9 май таҷлил мегардад, ҳамоиши дохилиидоравӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок доштанд. Нахуст Суруди миллӣ садо дода, баъдан ҳамоишро Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода А.А. ҳусни оғоз бахшиданд. Бо иқтибос ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки «Дар қатори дигар халқҳои шуравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷанговарони мо ба фронт сафарбар гардида буданд. Аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазори онҳо ҳалок шуда, даҳҳо ҳазори дигар бе ному нишон гардиданд. Албатта ин саҳми муносиби тоҷиконро дар муборизаи умумӣ бо фашизм инъикос мекунад».

Баъдан аз рӯйи барномаи ҳамоиш муовини Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Абдураҳимзода Д.Р. бо маърӯза дар мавзуи «Нақши дӯстии халқҳо – миллати тоҷик дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баромад намуданд. Аз ҷумла, ба маврид зикр гардид, ки дар ин ҷанг 11 ҳазор нафар барои шуҷоат ва қаҳрамониҳои бемислу монанд ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» даст ёфтанд, ки 54 нафари онро фарзандони бонангу ори кишвари мо – Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, кормандони дастгоҳи суд Каримзода Ш.Ш. дар мавзуи «Саҳми мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳаммияти таърихии Рӯзи Ғалаба», Салимова Д.С. дар мавзуи «Нақши тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва Бобоев Ф.А. дар мавзуи «Аз ҷанг то сулҳ: Роҳи душвор ба пирӯзӣ» (бо забони русӣ) маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро ироа намуданд.

Дар охир доир ба аҳаммияти таърихии таҷлили Рӯзи Ғалаба – 9 май аз ҷониби судя-котиби Суди конститутсионӣ муҳтарам Соҳибзода М.М. андешаҳои муфиду судманд шунида шуд.

Ба ҳамин бо садо додани Суруди миллӣ ба кори ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида шуд.