ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ «ҲОМИИ ҲУҚУҚ» БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9 июли соли 2026 бо ташаббуси ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» иштирокчиёни курси омӯзишии «Ҳомии ҳуқуқ» ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи ин ташриф, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Д.Р. оид ба таърихи таъсис, ваколатҳо, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуда, нақши ин мақоми судиро дар ҳифзи волоияти Конститутсия, таъмини қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарҳ доданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки ба саволҳои худ посух гирифта, бо ҷанбаҳои амалии фаъолияти Суди конститутсионӣ аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон, кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоев Фируз Абдунасимович ва Каримзода Шаҳбоз Шароб меҳмононро бо осорхонаи Суди конститутсионӣ ва толори баргузории мурофиаҳои судӣ шинос намуда, оид ба таърихи ташаккул ва рушди мақомоти назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуданд.
Ин ташриф барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни курс, амиқтар дарк намудани нақши Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва таҳкими донишҳои амалии онҳо дар соҳаи ҳуқуқ аҳамияти муҳим дошт.
