МИЗИ МУДАВВАРИ ДОХИЛИИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ «35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ»
24 июли соли 2026 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «35-солагии Истиқлоли давлатӣ — заминаи рушди давлатдорӣ» мизи мудаввари дохилиидоравӣ баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ҳусни оғоз бахшида, оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, инчунин такмили низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, муовини Раиси Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Ҷашни Истиқлол — сарчашмаи ифтихори миллат» суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик буда, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа, рушди худшиносию худогоҳии миллӣ ва таъмини пешрафти устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Дар идомаи мизи мудаввар судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуданд.
Судяи Суди конститутсионӣ Соҳибзода М.М. дар мавзуи «Рушди қонунгузорӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд. Зимни баромад зикр гардид, ки фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда шуда, қонунгузории соҳа асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти китобхонаҳоро муайян менамояд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони масъул, тартиби қабул, баҳисобгирӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳо, инчунин назорати фаъолияти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Сипас, судяи Суди конститутсионӣ Қодирзода Ҷ.Ш. дар мавзуи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ» баромад намуданд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, низоми қонунгузории миллӣ ташаккул ва такмил ёфта, заминаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии давлатдории навини тоҷикон таҳким бахшида шуданд. Дар ин давра соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва устувории сохтори давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Мутахассис-котиби дастгоҳи Суди конститутсионӣ Бобоев Ф.А. дар мавзуи «Нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа» суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки солҳои охир бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҷалби васеи ҷомеа ба китобхонӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Баргузории озмуну чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ба омӯзиши амиқи осори илмию адабӣ ва мероси маънавии ниёгон, рушди завқи китобхонӣ, дарёфту дастгирии истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҷомеа мусоидат менамояд.
Баъдан, ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ Тоирзода М.Т. дар мавзуи «Нақши асарҳои Пешвои миллат дар рушди маънавиёти ҷомеа» маърӯза намуд. Қайд карда шуд, ки асарҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихии ҷомеа, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ нақши калидӣ мебозанд. Ин асарҳо таърихи пурифтихори халқи тоҷик, марҳалаҳои ташаккули давлатдории миллӣ, аҳаммияти сулҳу ваҳдат ва зарурати ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро инъикос менамоянд. Фаъолияти давлатсозӣ ва таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат барои насли имрӯзу оянда намунаи ибрат, ҷасорат, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмӯъ, зимни мизи мудаввар аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, рушди қонунгузории миллӣ, густариши фарҳанги китобхонӣ ва нақши асарҳои Пешвои миллат дар таҳкими маънавияти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
