Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани вохӯриҳо бо фаъолони ҷомеа оид ба шаҳру тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиноси миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, гузаронидани суҳбату вохӯриҳои маърифатӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд 23-апрели соли 2026 судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон ва ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангзода Гулизор Раҳмон дар қисми ҳарбии 061-870 кушунҳои зудамалӣ қуввалҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарби 41-008 қувваҳои ҳарби-ҳавои ва мудофиаи зиддӣ ҳавои Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон вохурии судманд баргузор гардид.
Шумораи умумии иштирокчиён 300 нафарро ташкил дода, дар фарҷоми вохӯрӣ музокира ва саволу ҷавоб доир гардид, ки иштирокчиён аз ин вохӯрӣ изҳори қаноатманди намуданд.
